Туҳмати янга ва ишқи хунолуди Раҳим

           (Нома аз маҳбас)

Ман қотилам! Қотил! Дастони ман ба хуни одамӣ олудаанд.  Касеро куштам, ки дар ин дунё бароям аз ҳама азизтар буд. Медонам, ки гуноҳам нобахшиданӣ ва рӯсиёҳи ҳарду олам ҳастам, вале дарди диламро мегӯям, то ки ба дигарон дарси ибрат шавад ва пеш аз оне, ки кореро анҷом медиҳанд, сад бор андеша кунанд.

                       Шайтонкелин

Дар оила мо ҳамагӣ ду фарзанд ҳастем. Азбаски саломатии модарам хуб набуд, бародарам Каримро баъди хатми мактаб, дар синни 18-солагиаш зан доданд. Ҳамсари бародарам бегона не, духтари холаам буд. Духтари хола мисли хоҳар аст, вале ман янгаам Умедаро аз бало ҳам бадтар мебинам. Ин духтари шаттоҳ аз кӯдакиаш ба ман писанд набуд. Пеш аз тӯй чандин маротиба ба модарам гуфтам, ки ҷияни лӯлии ҷангандозашро келин карда ба хона наорад, вале “зани шавҳардор шавад, ақлаш медарояд” гуфта, ба гапам аҳамият надоданд.

Падару модарам аз Умеда умедҳои зиёд доштанд, вале ин зани шайтонсират аз рӯзи аввали ба хонаи мо қадам ниҳоданаш ҳилаю найрангҳояшро сар карда, ба қавле ҳамаи моро дар байни ангуштонаш бозӣ медаровард.

                  Авсун ё шоҳбону?

Баъди се-чор соли зиндагии бародарам маро оиладор карданд. Ҳамсарам Мадина ба оилаи мо тамоман бегона бошад ҳам, ҳурмату эҳтироми падару модарамро ба ҷо меовард ва бисёр духтари хуб буд. Аз хоксорию оромтабиатии ҳамсари ҷавони ман  истифода бурда, янгаам ӯро мисли ғулом кор мефармуд ва чунон фармонфармоӣ мекард, ки гӯё вай шоҳбоную Мадина канизакаш бошад. Ҳамсарам аз оилаи сарватманд, духтари боақлу босавод ва дар ҳусну ҷамол низ аз янгаам Умеда сад сару гардан боло буд, аммо бо сари хам амру фармонҳои авсуни шаттоҳашро иҷро карда, тамоми кору бори хонаро ба танҳоӣ анҷом медод. Рафтори зани бародарамро дида хун ба сарам мезад, вале боз худамро тасаллӣ медодам, ки зани ман ҳанӯз фарзанд надорад, янгаам бошад бо кӯдаки хурд азоб кашида дасташ ба кору бори хона намерасад, шояд баъди калонтар шудани бачаҳояш дигар чунин рафтор накунад….

                           Оташи рашк

Падару модарам аз зани ман аз замин то осмон розӣ буданд ва  ҳамеша ӯро дар назди хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳо таъриф карда мегуфтанд: “Мадинаҷон барои мо келин не, мисли духтари ҳақиқӣ ғамхору меҳрубон аст. Хизматамонро бо дилу ҷон адо карда истодааст. Илоҳо хокро гирад, дар кафаш зар гардад…”

Келини хурдиро таърифу тавсиф кардани модарам ба янгаву акаам намефорид. Онҳо бо ҳар роҳ кӯшиш мекарданд, ки Мадинаро дар назди падару модарам паст зананд, вале тирашон ҳамеша хок мехӯрд. Рашку бадбинии янгаам Умеда ба дараҷае зиёд буд, ки баъзан бе ягон сабаб ҳафтаҳо бо зани ман қаҳрӣ шуда, гап намезад…

                        Нахли умед

Ҳамсарам дар батн тифли чормоҳа дошту мувофиқи расму таомул мо ӯро ба хонаи падару модараш талбон бурдем. Мардуми мо як одати аҷиб доранд, арӯсро баъди 3-4 моҳи зиндагӣ ба хонаи волидонаш ба меҳмонӣ бурда иҷозат медиҳанд, ки як ҳафта ё даҳ рӯз дар он ҷо бимонад. Ман ҳамон рӯзи талбон рафтанамон мехостам Мадинаро бо худ ба хона биёрам, вале модарам маро сарзаниш карда гуфт:

-Айбро намедонӣ, охир мардум чӣ мегӯянд?! Як ҳафта бе занат танҳо хоб равӣ, осмон омада ба замин намечаспад. Бигзор чанд рӯз дар хонаашон меҳмон шуда, дам гирад…

Ҳамин тавр, мо Мадинаро дар хонаи волидонаш гузошта ба хона баргаштем, вале…

                               Аловмони дӯзах

Ду-се рӯз пас ману бародарам дар полез машғули побел кардани замин будем, ки Карим тарошаи аз бом афтидагӣ барин гуфт:

-Баъзе духтарҳои хондагӣ то шавҳар кардан хуб кайф карда мегарданду баъд ягон лохро ёфта, аҳмақ мекунанд ва худашонро дар духтур дӯзонда, ҳамчун бокира бо тӯю тамошо ба шавҳар мебароянд….

Аз гапаш чизеро фаҳмида бошам ҳам, бӯйи бадеро ҳис карда саволомез ба бародарам нигаристам.

-Ту пеш аз ҳамсарат ягон маротиба бо ягон духтар будӣ?-Пурсид Карим айёрона чашмак зада.

-Ака, барои чӣ ин хел саволҳои бешармона медиҳед?-Пурсидам ҳайратомез.

-Барои он ки дилам ба ту “чумо” месӯзад!

Бо шунидани ин сухани таҳқиромези бародарам хун ба сарам зада, дандонҳоям ғиҷиррос заданд.

-Ба ман ин хел бо ғазаб нигоҳ накун! Беҳтараш таноби занатро каш, то ки дар байни мардум шарманда нашавӣ,-бо қошу қавоқи гирифта гуфт Карим.

-Мадина чӣ кори хато кардааст, ки ман дар байни мардум шарманда мешудаам?!-базӯр худамро ба даст гирифта гуфтам дар ҷавоб.

-Ман аз як одами аниқ фаҳмидам, ки зани таърифиат то тӯй бо як бача мисли зану шӯй зиндагӣ мекардааст, вале вай корашро карда партофтааст. Барои шарманда нашудан Мадинаи айёра туи лохро ёфта, саратро тоб дода….

Сухани бародарамро бурида гуфтам:

-Ака, беҳуда духтари мардумро туҳмат накунед, ман аз занам сад фоиз боварӣ дорам!

-Бовар накун, аз занат пурс, ки Баҳман кист, баъд ба рангу рӯям нигоҳ кун. Бо шунидани ин ном пойҳояш ба ларза надароянд, ман занак,-бо писханд гуфт бародарам.

Гӯшҳоям қулф заданд. “Наход, ки Мадина маро аҳмақ карда бошад?” мегуфтам худ ба худ дандон соида.

Тоқатам тоқ шуд, белро бо ғазаб ба гӯшае ҳаво дода гуфтам:

-Агар ҳамин гап рост бошад, ман Мадинаро зинда намемонам. Сарашро аз танаш ҷудо накунам, номам Раҳим ва аз пушти падарам нестам!

                                 Дидори охирин

Сари роҳ ба мағоза даромадам ва корди калони ғилофдореро харида, дар камар задаму ба хонаи хусурам равон шудам. Волидони ҳамсарам маро бо чеҳраи шукуфон пешвоз гирифтанд, вале ҳарчанд карданд, аз дарвоза надаромада ба Мадина гуфтам:

-Зудтар тайёр шав, ҳардуямон ба тамошо меравем!

Арӯсаки аз асли гап бехабарам хурсанд шуда, дар як дам худро оростаю пероста намуд. Ман бо хотири парешон бо хусуру хушдоманам хайрухуш кардам ва ҳамсарамро ба мошин шинонда ба боғи беодаме, ки дар як гӯшаи шаҳр воқеъ буд, бурдам.

-Барои чӣ ба даҳонатон об гирифтагӣ барин, ягон чиз намегӯед, -раҳораҳ пурсид Мадина, вале дар ҷавоб танҳо сар ҷунбонда чизе нагуфтам.

Мо паҳлуи ҳам қадамзанон ба гӯшаи дуртарини боғ рафтем. Рӯямро тарафи занам гардонда рост ба чашмонаш нигаристам  ва дар ҳоле, ки тамоми пайкарам аз шиддати рашку қаҳру ғазаб меларзид, бо хашм пурсидам:

-Росташро гӯй, Баҳман кист? Ту бо он аблаҳ чӣ муносибат доштӣ?

Рангу рӯи ҳамсарам якбора дока барин сап-сафед шуд. Мадина гунаҳкорона сар ба зер афканда лаб газид. Миҷгонҳояш пир-пир мепариданд…

-Ман аз ту пурсида истодаам, росташро гӯй, Баҳман кист ва ту бо ӯ чӣ муносибат доштӣ?!-Дод задам девонавор.

Ҳамсарам ҳамоно хомӯш буд, танҳо аз чашмонаш қатра-қатра ашк мерехту халос.

Хомӯшии Мадина шубҳаи маро бештар намуд. Боварӣ ҳосил кардам, ки гапи бародарам рост будааст ва кордро аз ғилофаш кашида “ман даюс нестам” гӯён, бехудона ба сару рӯйи ҳамсарам задан гирифтам. Хун мисли фаввора шорид ва Мадинаи нозанин мисли дарахти сарви решаканшуда гурсосзанон ба замин афтид.

-Ҷазои ту ҳамин аст, зани хиёнаткору ҳиллагар,-дандон совида гуфтам ман ва корди хунолудро ба гӯшае ҳаво додам…

Мадинаи ғарқи хун шояд охирин қувваташро ҷамъ карда, базӯр пичиррос зад: “Баҳман маро дӯст медошт, вале байни мо ягон чиз набуд. Ман танҳо як бор бо ӯ гап зада будам. Зани акаат худаш дар бораи ошиқи пешинааш ба ман нақл карда, пурсид, ки пеш аз хонадор шудан ту бо ягон кас ишқварзӣ мекардӣ ё не. Мани аҳмақ гуфтам, ки Баҳман ном ҷавон аз пасам мегашт, лекин ман ӯро дӯст намедоштам…”

Бо ҳамин Мадина чашмонашро пӯшид, вале хун ҳамоно мисли фаввора мешорид. Ман чӣ кор карданамро надониста, осемасар аз боғ баромадам ва ба сӯйи беморхона давидам…

Ишқи пурхун

Ҷонҳавл аз дари бемористони наздиктарин даромада, хабар додам, ки ҳамсарамро бо корд захмӣ кардааму аҳволаш хуб нест. Табибон дар куҷо қарор доштани ӯро аниқ карда, зуд ба кормандони милиса хабар доданд ва мошини “Ёрии таъҷилӣ“  ба сӯйи боғ равон шуд, вале аллакай дер шуда буд. Ҳамсари мисли гул зебои ман дар фасли баҳор, дар айни шукуфоии замину замон дар боғи пур аз гул ҷони ҷавонашро ба ҷонофарин супурда ғарқи хун мехобид. Табибон сабаби марги ӯро бар асари хунравии зиёд маънидод намуданду кормандони милиса ба дастони ман завлона зада, маро ба боздоштгоҳ бурданд…

                                   Гунаҳкори бе гуноҳ

Дар мурофиаи судӣ маълум шуд, ки Баҳман бо ҳамсарам ягон муносибат надоштааст ва Мадинаи ҷавонмарг ҳамагӣ як маротиба бо вай гап зада, хоҳиш кардааст, ки аз пасаш давида ӯро бадном насозад. Вақте ки Баҳман “ҳамон як маротибае, ки бо ман гап зад, вай танҳо не, ҳамроҳи як дугонааш омада буд” гуфт, ман аз пушаймонӣ бо дандон дастамро чунон сахт газидам, ки хуншор гашт.

Бо чашмони пуроб ба толор нигаристам. Бародарам Карим бо сари хам нишаста, ҷуръати ба рӯйи ман нигоҳ кардан надошт.

Мехостам панҷараҳои оҳанинро пора-пора созам ва рафта аз гиребони бародарам бигираму бо тамоми овоз дод занам: “Мадинаи бегуноҳи маро ту ва зани туҳматчию шӯрандозат бо туҳмат куштед!” Оре, мехостам бигӯям, ки маҳз ҳамин ду нафар маро ба ҷинояти вазнин тела дода, ҳаётамро сӯзонданд, аммо…

Ба хотири модари зори беморам ба лаб муҳри хомӯшӣ задам, зеро хуб медонистам, ки дили ӯ ба зиндон шудани ҳарду писараш тоб оварда наметавонад…

-Кӣ ба ту гуфт, ки ҳамсарат бо Баҳман пеш аз ту муносибати

наздик дошт?-Се маротиба гаштаю баргашта пурсид прокурор, вале ба саволаш ҷавоб надодам…

                             Пушаймонӣ надорад суд

Ҳамин тавр бо ҳукми суд маро барои қатли ҳамсарам ба муҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Аллакай 3 сол шуд, ки дар пушти панҷара ҳастам. Умр боқӣ бошад, баъди 12 соли дигар ба озодӣ мебароям, аммо афсӯс, ки доғи номи бади қотилро шустаю Мадинаи нокомро дубора зинда карда намешавад….

Раҳими пушаймон

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *