Тухмҷангу хурусҷанг дар Наврӯзи Панҷакенту Душанбе
Ҷашнҳои аслии Наврӯзи соли равон дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар (Қӯрғонтеппаи қаблӣ) ва Панҷакент баргузор мешаванд.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин маросимҳо меҳмонон аз хориҷи кишвар даъват шудаанд.Шамсиддин Орумбеков, вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфтааст, ки ҷашнҳои наврӯзӣ аз барномаҳои театришуда, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ҳунарнамоии овозхонҳо, иборат мебошад. Ҷаноби Орумбеков афзуд, «ҳатто кӯчактарин оини наврӯзӣ, то тухмҷангу хурӯсҷангу ресмонкашию паҳлавонӣ иҷро карда мешавад.»Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми ориёинажод ба шумор меравад ва муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид охири моҳи ноябри соли 2016 дархости 11 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро пазируфт ва Наврӯзро ба феҳристи Мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид кард.Ҳамроҳ бо Тоҷикистон Афғонистону Озарбойҷон, Ҳинду Эрон, Ироқу Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон ҳам пешниҳод карда буданд, ки Наврӯз ба феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид карда шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ