Тухми тиллоӣ ва заволи “Мурғи ҳилол”

Зиёда  як моҳ мешавад, ки  ғайричашмдошт нархи тухми мурғ дар бозорҳои Тоҷикистон боло рафт. Ҳоло як дона тухми мурғи истеҳсоли ватанӣ, ки қаблан аз 60-70 дирам арзиш дошт, аз 90 дирам  то 1 сомонӣ баробар аст. 

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар заминаи муроҷиати расмии «Тоҷикистон» ин омилро ба  кам шудани воридоти тухм аз хориҷи кишвар марбут медонад.  Яъне,  дар давоми сол  6,62 млн. дона тухм кам ворид шудааст. Аз тарафи дигар , аз фаъолият бозмондани корхонаи калонтарини ҷумҳурӣ- ҶДММ «Мурғи ҳилол»-и ноҳияи Файзобод сабагори ин ҳолат будааст.  Агар ин корхона соли 2015 дар як моҳ ба миқдори 7-8 млн. дона тухм истеҳсол мекарда бошад, имсол то якуми ноябр  истеҳсоли тухм дар ин корхона ҳамагӣ 1 млн .донаро  дар як моҳ ташкил додааст.  Ин  нисбати ҳамин давраи соли 2015 43,7 млн. дона кам аст.

Чанд соли охир тухми «Мурғи ҳилол» дар бозорҳои кишвар харидорони зиёд пайдо карда буд.  Маҳсулоти ин корхона дар бозор  бренд шуда, нархи он нисбат ба  тухми мурғи дигар минтақаҳо, аз ҷумла Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Суғд фарқ дошт. Яъне, нархаш болотар буд. Нафароне ҳам пайдо шуданд, ки бозори ин корхонаро танг намуда, онро соҳиб шудан хостанд.  Воқеият чист ва чаро корхона аз кор  бозмонд? Шояд роҳбарияти ин корхона баъди чопи матлаб қазияро шарҳ диҳанд?

Машокир Назаров, сардори КВД “Саноати парандапарварии Тоҷикистон” мегӯяд, ки  саршумори паранда дар корхонаҳои парандапарварӣ ҳам хеле  кам шудааст. Масалан,  дар давоми соли равон, то 1 ноябр  нисбат ба соли гузашта 211 000 сар ва истеҳсоли тухм 43,1 млн. дона кам шудааст.  “Сабаби кам шудани саршумори паранда ва истеҳсоли тухм: ин болоравии нархи молу мавод, хӯрокаи паранда, қувваи барқ, об, андоз, дорувориҳо ва қимат шудани нархи воридоти чӯҷаи якрӯза аз хориҷи кишвар мебошад” гуфта шудааст дар ҳисоботи  КВД “Саноати парандапарварии Тоҷикистон” .  Айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 70 корхонаи хурду калон ва соҳибкорони инфиродӣ кор карда истодаанд.

 Талаботи физиологии аҳолӣ дар як сол барои  як нафар 160 дона тухм  буда, дар маҷмӯъ он дар ҷумҳурӣ  1,2 миллиард донаро  ташкил медиҳад.

 Корхонаҳои парандапарварӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ  бошанд, дар як сол 357 млн. дона тухм истеҳсол мекунанд, ки ин  ба як нафар 44,6 донагӣ мерасад. Ба суоли он ки оё дар кишвар сехҳо ва ё фабрикаи истеҳсоли хӯроки паранда мавҷуд аст, Машокир Назаров  гуфт,ки  дар ҷумҳурӣ базаи мустаҳками хӯрокаи омехтаи паранда мавҷуд нест. Сехҳои хурд барои истеҳсоли хӯрокаи омехтаи паранда ташкил карда шудааст, аммо талаботи  парандапарваронро бароварда наметавонад. Ин ҷо масали машҳури “аввал мурғ пайдо шудааст ё тухм?” ба ёд меояд, ки агар хӯроки паранда набошад, он чиро хӯрда тухм кунад?

Ба гуфти масъулон,  набудани базаи мустаҳками хӯрокаи омехтаи паранда, қимат шудани нархи хӯрока яке аз сабабҳои асосии камшавии саршумор ва истеҳсоли тухм гаштааст.  80 фоизи хӯроки паранда ҳоло  аз хориҷи  кишвар ворид мегардад ва албатта он бо асъори хориҷӣ харида мешавад, ки он арзиши аслии онро баланд мекунад . Аммо  Машокир Назаров дар он ақида аст,  ки нархи тухмро дар бозор асосан миёнаравҳо боло мебаранд. Онҳо ба  болои 1 дона тухм 15-20 дирам мегузоранд. Ҳамчунин, соҳибкороне ҳастанд, ки миқдори зиёди тухмро аз корхонаҳо  ба таври нақд харидорӣ карда, вориди бозор мекунанд ва нархи худро мегузоранд. Яъне, дар ин самт бозор як навъ монополия шудааст.  Аммо  дар ин ҳолат фаъолияти  Хадамоти  зиддиинҳисории ҷумҳурӣ ва раёсати он дар  шаҳри Душанбе, инчунин роҳбарони бозорҳои пойтахт ба куҷо менигаранд? Чаро роҳбарияти  бозорҳо бевосита бо корхонаҳои истеҳсоли тухм  шартнома намебанданданд? Аз ҳама муҳим, чаро Вазорати кишоварзӣ ва масъулони дигари рушди парандапарварӣ дар кишвар пайи ислоҳи вазъи бади парандапарварӣ намешаванд?

Тафсилот дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *