Тунис дари худро ба сайёҳони Тоҷикистон боз намуд

Тунис Тоҷикистонро ба гурӯҳи кишварҳои «сабз», ки хатари пасти сирояти коронавирус доранд, дохил кардааст. Яъне, ин кишвар имкон додааст, ки сайёҳони Тоҷикистон аз Тунис дидан намоянд.Дар ин бора 25 июн радиои «Mosaique FM» бо истинод ба хадамоти матбуоти ҳукумати Тунис иттилоъ додааст.

Вазорати тандурустии Тунис ба ин гурӯҳ ба ҷуз аз Тоҷикистон ҳамчунин Германия, Чин, Австралия, Италия, Япония, Эстония, Хорватия, Австрия, Швейтсария ва Ветнамро низ шомил намуд.
Ба гурӯҳи «норинҷӣ»-и кишварҳо Франсия, Албания, Озарбойҷон, Канада, Испания, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Ӯзбекистон, Полша, Португалия ва Сербия ворид шуданд.
Ба гурӯҳи манъшудаи «сурх» Россия, ИМА, инчунин аксари кишварҳои Америкаи Лотинӣ ва Алҷазоир, ки яке аз таъминкунандагони асосии мавҷи сайёҳон ба Тунис мебошад, дохил гардидаанд. Барои сайёҳони ин кишварҳо вуруд ба Тунис новобаста аз боз гардидани сарҳадҳои миллии ин ҷумҳурӣ аз 27 июн манъ аст. «Иҷозати вуруд аз кишварҳои гурӯҳи «сурх» танҳо ба шаҳрвандони Тунис, ки ба ватан бармегарданд, дода мешавад», – гуфта шудааст дар хабари радиои «Mosaique FM».

Барои одамоне, ки аз кишварҳои дорои хатари пасти сирояти коронавирус (гурӯҳи «сабз») ба Тунис меоянд, мақомот ягон тадбири маҳдудкунандаи санитариро ба нақша нагирифтаанд. Сайёҳони кишварҳое, ки хатари муътадили сироятшавӣ доранд (гурӯҳи «норинҷӣ») бояд ҳангоми убури сарҳад натиҷаи санҷишро барои муайян намудани коронавирус, ки на дертар аз 72 соат пеш сурат гирифта бошад, пешниҳод намоянд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Тунис, дар ин кишвар ҳамагӣ 1 162 ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус ошкор шуда, 50 нафар вафот кардаанд ва 1 023 нафар беморон шифо ёфтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *