Тураҷонзода боздошт нашудааст

    Ақрабои  Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода, яке аз руҳониёни маъруфи тоҷик сару садоҳо дар бораи боздошти ӯро бепоя хондаанд.

Саҳифаи фейсбукии хонадони Тураҷонзодаҳо бо номи “Тураҷон” ахиран навишт: “Ассалому алайкум. Хонандагони гиромӣ! Хабари боздошт шудани Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода (ҳафизаҳуллоҳ) дуруғ мебошад. Эшон (Алҳамдулиллоҳ) дар хонашон назди аҳлу оилаашон қарор доранд”.
Торнамои наздик ба мухолифони ҳукумати Тоҷикистон навишт, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз сӯи чор нафар аз манзилаш ба самти номаълум бурда шудааст.
Баъди рад шудани хабари боздошти Тураҷонзода, ин торнамо эълон кард, сабти гуфтугӯ бо манбааш дар мавриди боздошти ӯро доранд ва дар сурати комилан дурӯғ баромадани ин хабар онро пахш хоҳанд кард.
Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода дар гузашта муфтии Тоҷикистон ва узви Раёсати Шӯрои олии Тоҷикистон буд. Баъди имзои созишномаи сулҳ муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон таъин шуда, баъдтар узви Маҷлиси миллӣ шуд. Аз соли 2010 бо хатми узвияташ дар ин ниҳод дар маснадҳои расмӣ фаъолият накард.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *