Ту рафтиву маро тобу тавоне нест…даргузашти ду ҳамсар пасу пеш

Тоҳир Бобоев ва ҳамсараш Ҳанифа Бобоева тайи як ҳафта пайи ҳам дунёро падруд гуфтанд.

Ҳанифа Бобоева, чанд рӯз баъди марги ҳамсараш Тоҳир Бобоев, собиқ директори генералии корхонаи шоҳибофии Хуҷанд маъруф ба “Шелкокомбинат” даргузашт.

Яке аз наздикони хонаводаи Бобоевҳо дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Ҳанифа Бобоева солим буд, вале як ҳафта қабл дучори сактаи мағзӣ шуда, рӯзи 11 июл ҷон ба Ҳақ таслим намуд.
Ҳанифа Бобоева бидуни шавҳараш, Тоҳир Бобоев ҳамагӣ чанд рӯз зиндагӣ кард ва аз пайаш ҷаҳонро падруд гуфт.

Тоҳир Бобоев соли 1940 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, баъди хатми Донишкадаи бофандагии шаҳри Тошканд, солҳои зиёд дар корхонаҳои саноатӣ фаъолият намуда, аз бунёдгузорони корхонаҳои муосири шимоли Тоҷикистон мебошад, ки маҳсулоташон ба Аврупо содир мешавад.
Аз соли 1986 то соли 2008 ҳамчун роҳбари комбинати маъруфи шоҳибофӣ (Шелкокомбинат) дар шаҳри Хуҷанд кор кардааст. Бо кӯшишҳои ӯ дар Хуҷанд як зумра корхонаҳои ресандагию бофандагӣ аз қабили корхонаҳои муштараки “Ҷавонӣ”, корхонаи муштараки “Ветнаму Тоҷикистон Силк”, корхонаҳои “Абрешим”, “САТН” ва “Кобоол Тоҷик Текстайлз” дар Суғд таъсис дода шудааст.

Бунёдгузори ин корхонаҳо бар асари бемории қанд дар сини 81 — солагӣ аз олам даргузашт
Ҳамсараш Ҳанифа Бобоева, 19 декабри соли 1941 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Ӯ Донишкадаи бофандагии шаҳри Тошкандро хатм намудааст. Бобоева ҳудуди 24 сол минҳайси сармуҳандис дар Омӯзишгоҳи техникии шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *