Тургуной пас аз як ҳафтаи латту кӯб даргузашт

Дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон 30 январ зани 52-сола Тургуной Олтинова даргузашт. Як ҳафта пеш ин зан аз сӯи муштариҳои фоҳишахона шадидан латту кӯб шуд. Тургуной талош карда буд, муштариҳоро биронад ва ба пулис хабар диҳад.

Ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муштариҳои фоҳишахона, ки дар латту кӯби зан даст доштанд, боздошт шудаанд.

«Дар бинои мо фоҳишахона ҳаст. Тургунойро 23 январ, соати 22-45 дақиқа одамони ношинос латту кӯб карданд. Ман шахсан ин ҳодисаро дидам. Мо ба даҳлез баромадем, вале он одамон фирор карданд. Яке аз онҳо ниқоб дошт. Мо Тургунойро ба бемористон бурдем, вай баъди як ҳафта фавтид», — гуфт яке аз ҳамсояҳои Турсуной Олинова.

Сарфи назар аз он ки пулис дар робита ба ин ҳодиса парванда таъсис дод, аммо фоҳишахонаро набастаанд.

«Дар бинои мо кӯдакон ҳастанд. Сарфи назар аз ин, ин ҷо фоҳишахона кушоданд. Духтарони нимбараҳна мардонро мепазиранд. Ин ҳолат ҳар рӯз такрор мешавад. Тургуной доим бо онҳо хархаша мекард, мегуфт, дар ин бино кӯдак аст. Билохира ӯро муҷозот карданд. Чаро пулис хомӯш аст? Ин моро ба ҳайрат гузоштааст», — гуфт як ҳамсояи дигари Олтинова.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *