«Turkish Airlines» шарики расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд
Миёни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати ҳавопаймоии «Turkish Airlines» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, маросими имзои созишнома дирӯз, 10-уми июл дар Душанбе баргузор шуда, онро дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон ва директори генералии Намояндагии ширкати ҳавопаймоии Туркия дар Тоҷикистон имзо намудаанд.
“Дар доираи ин Созишнома Федератсияи футболи Тоҷикистон шарики боэътимод пайдо мекунад. «Turkish Airlines» яке аз бузургтарин ва маъруфтарин ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳон аст. Итминон дорам, ки ҳамкории мо пурсамар хоҳад буд”,- гуфтааст дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон.
— Дар чаҳорчӯби барномаи шарикӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати ҳавопаймоии «Turkish Airlines» тасмим гирифтаанд, ки дар якҷоягӣ чорабиниҳои муштараки маркетингӣ, таблиғотӣ ва PR-ро баргузор кунанд,- меафзояд манбаъ.
«Мо шодем, ки шарики Федератсияи футболи Тоҷикистон шудем. Иқдоми бастани шартномаи ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон идомаи мантиқии сиёсати ширкати ҳавопаймоии мо дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дастгирии варзиш аст»,- зикр намудааст директори генералии Намояндагии ширкати ҳавопаймоии «Turkish Airlines» дар Тоҷикистон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ