Туркия ҷангҷӯёни боздоштшудаи ДИ-ро ихроҷ мекунад
Туркия 11 ноябр ихроҷи онҳоеро оғоз кард, ки дар ҳудуди Сурия бо гумони ҷангидан ба ҷонибдорӣ аз гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» (ДИ) боздошт шуда буданд.
Вазорати умури дохилии Туркия аз ихроҷи як шаҳрванди ИМА хабар дод. Қарор аст, 7 шаҳрванди Олмон низ 14 ноябр ихроҷ шаванд. Ба ихроҷи 11 шаҳрванди Фаронса, Ирландия ва Дания низ омодагӣ дида мешавад. Боздоштшудаҳо ба кишваре ихроҷ мешаванд, ки шаҳрвандии онро доранд. Вале вокуниши кишварҳои Аврупо дар ин замина маълум нест.
Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон пештар гуфт, дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои кишвараш дар шимоли Сурия ҳудуди 300 шаҳрванди хориҷие боздошт шудааст, ки ба ДИ пайваста буданд. Ба ҷуз ин, ҳазорҳо зархарди дигари хориҷӣ дар зиндонҳои Туркия нигаҳдорӣ мешаванд. Эрдуғон борҳо кишварҳои Аврупоро барои он танқид кард, ки нисбат ба тақдири минбаъдаи шаҳрвандони «зархаридашон» бетаваҷҷуҳӣ зоҳир мекунанд.
Президенти ИМА Доналд Трамп низ қаблан аз кишварҳои Аврупо даъват кард, онҳоеро қабул кунанд, ки дар ҷараёни муборизаҳои ҳампаймони Вашингтон — курдҳо зидди ДИ боздошт шуда, дар урдугоҳҳои Сурия нигаҳдорӣ мешаванд.
Як қатор кишварҳои Аврупо бо шумули Бритониё шаҳрвандии онҳоеро бекор карданд, ки ба ДИ пайваста буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ