ТУРКИЯ Аъзои ШОС, шарики ОМ ва ё манфиатдори калон?
Эрдоған: Чаро бо ШОС набошем?
«Reuters» — хабаргузории Британия. Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдоған, пас аз бозгашт аз сафари Покистону Ӯзбекистон, зимни суҳбат бо хабарнигори Рейтерс гуфтааст, ки ба Иттиҳоди Аврупо пайвастани Туркия он қадар муҳим нест, беҳтар аст, кишвараш ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (ШОС) пайвандад ва бо Чину Русия ва чор кишвари Осиёи Марказӣ муносибати ҳасана ба роҳ монад.
Ин даъвои Эрдоған дар ҳолест, ки Туркия наздики ёздаҳ сол аст, ки талоши пайвастан ба Иттиҳоди Аврупоро дорад, аммо ин имконият ба ӯ даст намедиҳад. Аниқтараш роҳбарони кишварҳои аврупоӣ Туркияро чун кишвари поймолкунандаи озодиҳои демократӣ медонанд ва ҷониби Туркия низ ташаббусҳои Ғарбро ҳамеша мавриди интиқод мегирад. Ҳамин тавр, миёни Туркия ва давлатҳои аврупоӣ нофаҳмиҳои лафзӣ вуҷуд дорад.
Ҳол он ки Туркия узви Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) мебошад.
ШОС соли 1996 бо номи “Панҷгонаи Шанхай” бо мақсади ҳалли баҳсҳои марзии Чин бо кишварҳои пасошӯравӣ ташкил шуда буд ва соли 2001 бо пайвастани Ӯзбекистон ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай табдили ном кард. Ҳамин тавр, соли 2004 Муғулистон ва баъдан Покистону Ҳиндустону Эрон ва соли 2012 Афғонистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай соҳиби мақоми нозирро гирифтанд.
Владимир Путин президенти Русия ва яке аз фигураҳои муҳими ШОС моҳи июни имсол, дар нишасти сарони кишварҳои узви ШОС, ки дар Тошканд баргузор гардид, гуфта буд, ки Ҳиндустону Покистон дар соли 2017 метавонанд ба узвияти ин созмон бипайванданд. Ҳамчунин, Путин гуфт, ки Деҳлӣ ва Исломобод барои пайвастан ба узвият омода бошанд. Нишасти ояндаи сарони ШОС моҳи июни соли 2017 дар Қазоқистон баргузор мегардад.
Чӣ тавре Рейтерс менависад, Эрдоған дар идомаи суханаш гуфтааст: “Чаро мо кӯшиш кунем, ки узви Иттиҳоди Аврупо бошем? Лозим нест, ки мо «ба ҳар қимат» кӯшиш кунем бо аврупоиҳо бошем? Барои чӣ Туркия узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай набошад?»
Эрдоған ҳамчунин гуфтааст, ки ин иддаоро дар ҳузури президенти Русия Владимир Путин, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва дигар аъзои созмон аллакай гуфтааст.
Эрдоған, дар идома гуфт: «Умед дорем, таҳаввули мусбате дар ин росто сурат гирад. Фикр мекунам, пайвастани Туркия ба ШОС боис мешавад, ки Туркия бо дасти бисёр бозтар амал кунад».
ШОС майдони кушод ба Анқара
Коршиноси масоили сиёсӣ, туркшинос Виктор Надеин Раевский ба хабаргузории РИА «Новости» дар робита ба ин иддаои Эрдоған гуфтааст:
«Эрдоған солҳо кӯшиш кард, ки ҷузъи Аврупо бошад, аммо Аврупо ӯро қабул накард. Сабаб маълум, наметавонад, як кишвари Шарқӣ тобеи чандин абарқудратҳои Ғарб бошад. Ҳар қонуну қарор ё ташаббусе, ки аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ қабул шуд, Туркия ба он муқобил баромад, мисол озодии никоҳи ҳамҷинсгароён ва қонунҳои дигари мухолифи ғояҳои шарқӣ ва исломӣ. Дуюм, Эрдоған медонад, ки бо вуҷуди узви Иттиҳоди Аврупо будан, наметавонад, дар он Иттиҳод як фигураи марказӣ бошад. Сеюм, муносибатҳои ахири Туркия бо Русия, давлатҳои аврпоиро ба ташвиш овардааст, пӯст канда гӯям. Аврупо дигар ӯро қабул намекунад.»
Ба андешаи Раевский Туркия дар ШОС метавонад, ба чандин ҳадафаш ноил гардад:
«Ба ҳамаи мо маълум, ки Туркия яке аз кишварҳои абарқудрат аст. Шомил шудан ба ШОС барои ӯ расидан ба ҳадафҳояш аст. Зеро, якум ин ки бештари аъзои ШОС давлатҳои Шарқианд, яъне дар бисёр маврид бо Туркия ҳамақидаанд. Дуюм, дар ҳайати ШОС то як андоза давлатҳои ҳамсангу ҳамвазни Туркия қарор доранд ва Анқара метавонад ба роҳатӣ гапи худро гузаронад. Сеюм, иттиҳоди Чину Русия бар муқобили қудрати Ғарб рӯз аз рӯз меафзояд, ва Туркия ҳам дар ин давра мехоҳад худашро чун як фигураи таъсиргузор дар муқобили Ғарб нишон диҳад. Барои ин ШОС майдони хубе ба Туркия хоҳад буд».
Туркия — Ӯзбекистон саҳифаи нави ҳамкорӣ
«Habar Turk». Нашри Истамбул. Раҷаб Тайиб Эрдоған, президенти Туркия, рӯзҳои 17 – 18 ноябр бо ҳайати намояндагони кишвараш аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидан кард. Ёдовар мешавем, ки баъди 16 сол ин аввалин сафари ӯ аз ин кишвар будааст. Мавлуд Човушоғлу, сарвазири Туркия, зимни як мусоҳиба ба «Habar Turk» гуфтааст, ки имкон дорад Ӯзбекистон низоми раводидро барои шаҳрвандони Туркия бекор кунад.
Човушоғлу ҳамчунин ба «Habar Turk», гуфтааст: «Мо барои шаҳрвандони Ӯзбекистон низоми раводидро бекор кардем. Ҳоло дар робитаи мо бо Ӯзбекистон сафҳаи нав боз шуд. Иншоаллоҳ, ки Ӯзбекистон дар навбати худ низоми сафари бо виза барои шаҳрвандони моро бекор мекунад».
Аммо то ҳол маълум нест, ки низоми раводид миёни Ӯзбекистон ва Туркия аз кай бекор мешавад. Ҳукумати Ӯзбекистон ҳам то ҳол вокунише дар ин хусус нишон надодаанд. Туркия барои ҷалби бештари сайёҳони дунё низоми раводидро бо аксари давлатҳои дунё бекор кардааст. Аз Осиёи Миёна ягона давлате ки бо Туркия низоми раводид дошт, Ӯзбекистон буд, вале Туркия барои шаҳрвандони ин кишвар яктарафа низоми раводидро аз соли 2007бекор карда буд.
ОМ дарвозаи Туркия ба ҷаҳон
Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдоған, ҳамчунин дар сафари худ ба Ӯзбекистон бо Шавкат Мирзиёев ва дигар мақомдорони ӯзбек дидору гуфтугӯ анҷом дод.
“Анадолу”, хабаргузории расмии Ҷумҳурии Туркия менависад, ки Раҷаб Тайиб Эрдоған бо иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев наздики се соат пушти дарҳои баста мулоқот намуданд.
Алӣ Гулан Мендерес, коршиноси масоили сиёсӣ ба «Анадолу» гуфтааст, ки ин сафари роҳбарияти олии Туркия баъди марги Ислом Каримов ба Ӯзбекистон бисёр саривақтӣ ва умедворкунанда аст. Зеро Осиёи Миёна барои Туркия бисёр муҳим аст. Муносибати хуб бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дарвозаи Русия, Хитой ва Амрикоро барои Туркия боз мекунад.
Раҳбари Туркия, зимни сафар ҳамчунин дар Самарқанд аз қабри Ислом Каримов, президенти собиқи Ӯзбекистон зиёрат карданд.
Оулавюр Рагнар Гримссон
Оулавюр Рагнар Гримссон сиёсатмадор, аз соли 1996 президенти панҷуми Исландия мебошад. Рагнар 14 майи соли 1943 дар Исафиордур дар оилаи сартарош ба дунё омадааст. Ў соли 1962 гимназияро дар Рейкявик, хатм намуда, ба Донишгоњи Манчестери Британия, факултаи иќтисод ва сиёсат дохил мешавад ва соли 1965 унвони бакалаврро мегирад.
Рагнар соли 1970 аввалин исландї ба шумор мерафт, ки унвони доктори илмњои фалсафаро дар соњаи сиёсатшиносї гирифт. Соли 1973 ў профессори сиёсатшинос дар Донишгоњи Исландия буд. Муваффаќияти сиёсии Оулавюра соли 1966 пас аз дохил шудан ба созмони љавонони Исландия оѓоз ёфт. Соли 1976 ў аъзои њизби «Иттињоди халќњо» шуд ва аллакай дар соли 1983 онро роњбарї мекард. Мањбубиятро ў аслан бо барномањои сиёсиаш дар радиову телевизион касб кард. Ў маќолањои бањснок менавишт ва дар он замон яке аз сиёсатмадорони машњур ба ҳисоб мерафт.
Оулавюр Рагнар Гримссон дар солҳои 1988 то 1991 вазири иқтисоди ин кишвар буд. 26 июни соли 1996 Оулавюр Рагнар Гримссон панҷумин президенти Исландия бо 40,9% интихоб шуд. Соли 2000 аз сабаби набудани дигар номзадҳо дар ҷойи худ боқӣ монд. Баъдан дар соли 2004 ӯ дар интихоботи навбатии президентӣ иштирок кард ва бо 67 дарсади раъӣ пирӯз шуд. Соли 2008 ҳам бо набудани дигар номзадҳо Рагнар президент шуд ва дар соли 2012 барои давраи панҷум интихоб гардид. Ӯ ду маротиба оиладор будааст. Аз оилаи якумаш Гвюдрун Катрин Торбергсдоттир соҳиби дугоник – Дала ва Тана мебошад. Гвюдрун Катрин яке аз занҳои шӯҳратманди Исландия ба шумор мерафт ва гуфта мешавад, ки президент шудани Рагнар ҳам аз бо кӯшишҳои ҳамсараш будааст. Аммо соли 1998 ҳамсари президент аз бемории сафедхунӣ мефавтад. Пас аз 5 сол Оулавюр Гримссон бори дуюм бо Доррит Мусайеффи исроилӣ оиладор шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ