Туркия бо тарси оқибатҳои манфии иқтисодаш аз таҳрими алайҳи Русия худдорӣ мекунад
Расонаҳои олмонӣ худдории Туркияро аз эъмоли таҳримот алайҳи Русия шарҳ доданд.
— Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, бо тарси оқибатҳои манфии иқтисоди миллӣ аз пешбурди сиёсати таҳримӣ алайҳи Русия худдорӣ мекунад,- менависад нашрияи олмонии Bild.
Рӯзноманигорон қайд кардаанд, ки иқтисоди Туркия дар буҳрон қарор дорад, қурби лира моҳҳои зиёд паиҳам поин меравад.- Дар натиҷа Анқара дар маъракаи зидди Россия иштирок карданӣ нест. Туркия ягона узви НАТО аст, ки маҳдудиятҳо алайҳи Федератсияи Русияро рад мекунад,- хотиррасон мекунад Bild.
Гузоришгарони нашрия ҳамчунин ба вобастагии иқтисоди Туркия аз сайёҳони Русия, манобеи энержӣ ва маводи ғизоӣ таваҷҷуҳ кардаанд. Хамин тавр, Анқара аз Москва қариб 40 фоизи гази табиӣ ва 25 фоизи нафти истеъмолкардаи мамлакатро мегирад. То 70%-и гандум низ аз Русия ворид мешавад.
Рӯзи 24-уми феврал раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар бораи оғози амалиёти вижаи низомӣ барои безарарсозии Украина хабар дод. Вай дар муроҷиат ба русҳо ин тасмимро бо Оинномаи СММ, таҳрими Шӯрои Федератсия ва созишномаҳои қаблан бо ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск имзошуда асоснок кардааст. Қаблан радиои Sputnik хабар дода буд, ки Фаронса дороиҳои Бонки Русияро ба маблағи 22 миллиард евро масдуд кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ