Туркия низомиёни худро ба Либия мефиристад

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон гуфт, мехоҳад барои дастгирии Ҳукумати муросои миллии Либия ва мубориза бо артиши генерал Халифа Ҳафтар ба он кишвар нерӯ фиристад. Дар ин бора дархосте ба порлумон пешниҳод шудааст.

Ба гуфтаи Эрдуғон, ӯ умедвор аст, ки дархосташро порлумони Туркия то аввалҳои моҳи январи соли оянда қабул хоҳад кард.

Пештар Анқара бо Ҳукумати муросои миллии Либия ду созишнома дар бораи ҳамкориҳо дар бахши амнияту низомӣ ба имзо расонда буд.

Худи Эрдуғон гуфта буд, наметавонад ба кумаки зархаридони Русия ба генерали исёнгар Ҳафтар чашм пӯшад. Ба гуфтаи ӯ, дар Либия беш аз ду ҳазор ҷангҷӯи ширкати хусусии низомии «Вагнер»-и Русия қарор доранд. Расонаҳо менависанд, ки ин ширкат ба шахси наздики Кремл — Евгений Пригожин тааллуқ дорад.

Расонаҳои ғарбӣ менависанд, ки ба артиши Ҳафтар дар баробари Русия аз Фаронса, Миср ва АМА низ кумак мекунанд. Намояндагони Ҳафтар дар навбати худ Туркияро айбдор мекунанд, ки ба воситаи Тунис ба Либия ҷиҳодиёни гуруҳи террористии «Давлати исломӣ»-ро мефиристад.

Генерал Халифа Ҳафтар низомии ҳирфаӣ буда, шаҳрвандии Амрикоро низ дорад. Моҳи марти соли 2015 ӯ фармондеҳи нерӯҳое таъйин гашт, ки зертобеи палатаи намояндагони Либия аст. Дар ҳоли ҳозир фармондеҳи артише аст, ки зери раҳбарии ӯ 9 шӯрои шаҳриро ба маъмурияти низомӣ табдил додааст. Дар натиҷа моҳи майи соли 2019 дар Либия ҷанги шаҳрвандии дувум оғоз шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *