Туркия умеди ҳамроҳӣ ба Иттиҳоди Аврупоро аз сар дур кунад

Комисари аврупоӣ дар умури густариши Иттиҳоди Аврупо ва сиёсати ҳамсоядорӣ Йоханнес Хан гуфт, ки «узвияти Туркия дар Иттиҳоди Аврупо дар ояндаи наздик ғайривоқеӣ аст».

Дар мусоҳиба бо нашрияи олмонии Die Welt вай афзуд, хуб мешуд, ки «гуфтугӯҳои пайвастани Туркия ба иттиҳод қатъ мегардид» ва болои шарикии стратегӣ таваҷҷуҳи бештар мешуд. Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир гуфтугӯ бо мақомоти Туркия дар мавриди пайвастани ин кишвар ба Иттиҳод тақрибан қатъ шудааст.

Музокироти воридшавии Туркия ба Иттиҳоди Аврупо соли 2005 шуруъ гардид. Дар мусоҳиба бо Die Welt Йоханнес Хан эътироф кард, ки аз он замон ба ин тараф Туркия «бештар ба самти автократия (худкомагӣ)» майл нишон медиҳад. Ба ин далел, чанде аз кишварҳои Иттиҳод зидди пайвастшавии Туркия ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *