«Туркманбошӣ», роҳ ва нафт
Тоҷикистону Туркманистон, шарикони стратегие, ки додугирифти ночиз доранд, зоҳиран ба «ҷанг»-и пинҳонии сесола поён бахшидаанд. Агар иддае санадҳои имзошударо далел биоранд, гуруҳе дигар истиқболи гарм ва тақдими аввалин «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ»-ро аз сӯи Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба Эмомалӣ Раҳмон медонанд.
Ишқобод (Ашхобод) аз соли 2017 ба ин тараф монеи гузаштани мошинҳои борбар ва вагонҳои Тоҷикистон аз қаламраваш мешуд. Дар ин муддат сабаби сардии рафтори ҷонибҳо фош нашуд, вале Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯйи президенти Тоҷикистон, 7-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, «муносибати ду кишвар рӯ ба гармӣ ниҳод».
Аз роҳи оҳан то маҳсулоти нафтӣ
Нармиш дар муносибатҳо пас аз сафари давлатии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркманистон садо медиҳад. Дар ҷараёни ин сафар, ки рӯзҳои 4-5-уми август идома кард, ду ҷониб нуздаҳ санад, аз ҷумла дар мавриди роҳи оҳан ва интиқоли бору мусофирон имзо карданд.
Як намояндаи ҳайати Тоҷикистон гуфт, 6-уми август дар ҳошияи Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ишқобод низ “дар мавриди гирифтани 50 ҳазор тонна керосини авиатсионӣ, 50 ҳазор тонна кокси нафтӣ ва сабукиҳо барои боркашонии вагонҳои Тоҷикистон созиш ба даст омад.”
Мақомоти Туркманистон ба далели пӯшида будани ин кишвар дар бораи мулоқот чизе намегӯянд, вале баъзе аз мансабдорони Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ санадҳои имзошударо муҳим шумурданд. Сухангӯи президент низ гуфт, “масъалаҳои ҳаётӣ барои Тоҷикистон ҳалли худро ёфтанд”.
«Туркманбошӣ»
Аз ҷумла, Душанбе бо имзои созишнома бо Ишқобод иҷозаи истифода аз бандари «Туркманбошӣ»-ро ба даст овардааст. Тоҷикистон тайи чаҳор соли охир молҳояшро тавассути бандари Озарбойҷон ва роҳҳои Қазоқистон аз хориҷ меовард ё ба берун мебурд, ки “ҳам роҳ дур ва ҳам нарх гарон меуфтод”.
Як намояндаи баландпояи Тоҷикистон бидуни зикри ном рӯзи 7-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, “молҳои Тоҷикистон тавассути бандари “Туркманбошӣ” роҳро кӯтоҳ карда, бо харҷи 20 дарсад арзонтар тариқи дарёҳои Волга ва Дон то Руминия ва ҳамин тавр ба Аврупо мерасанд”.
«Роҳи мошингард баста нест, вале…»
Манбаи дигар дар Вазорати нақлиёт гуфт, «роҳҳои мошингарди Туркманистон дигар барои Тоҷикистон баста нестанд». «Вале ҳукумати Туркманистон бо назардошти пандемияи коронавирус мошини кишварҳои дигарро тариқи қаламраваш бидуни ронандаи хориҷӣ ба марзи кишвари дигар интиқол медиҳад ва ба соҳиби бор таслим мекунад”, — шарҳ дод ӯ.
Айни гапро Аскар Фаллоҳӣ, як ронандаи эронӣ, ки аз Эрон ба Тоҷикистон бор мекашонад, низ тасдиқ кард. Вай гуфт, “ҳоло худи туркманҳо борро аз марзашон, аз гузаргоҳи Сарахс (сарҳади Эрону Туркманистон) то Фароб (сарҳади Узбекистону Туркманистон) мебаранд.»
Радиои Озодӣ дар бораи он ки оё дар чанд рӯзи охир бори вобаста ба Тоҷикистон тавассути Туркманистон гузаштааст ё не, иттилоъ надорад. Аммо Муборакшо Холинов, раиси ширкати “Суперпласт плюс”, мегӯяд, “дар ин сурат кашондани бор то 2000 доллар камтар мешавад ва ҳатман ба нарх дар бозорҳои дохилӣ таъсир мегузорад”.
Ду кишвар ва «сардӣ»-и номаълум
Тоҷикистону Туркманистон, ду кишвари Осиёи Марказӣ, ки ҳамвора барои саркӯби мухолифон ва маҳдуд кардани озодиҳои диниву сиёсӣ ва иқтисодиву матбуот танқид мешаванд, моҳи октябри соли 2017 шарики стратегӣ шуданд. Чанд моҳ нагузашта дар равобиташон сардӣ эҳсос шуд.
Мақомоти Тоҷикистон чанд дафъа гуфтанд, ки барои фаҳмидани асли қазия ба Ишқобод нома фиристоданд, вале ҷавобе нагирифтанд. Ҳоло маълум нест, дар суҳбати раҳбарони ду кишвар, ки аксҳояшон дар ҳоли хандидан нашр шудааст, чӣ гуфтанду чӣ шуниданд.
Вале равобити Тоҷикистону Туркманистон на ҳамеша дучори чунин мушкил будааст. Туркманистон дар солҳои 90-ум аз аввалин кишварҳое будааст, ки барои садҳо ҳазор фирории ҷанги шаҳрвандӣ паноҳгоҳ ва шароити кору зиндагӣ фароҳам овардааст.
Мирзонабии Холиқзод
Озодӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ