Даврон Нишонзода

Туркманистон дар Дӯстӣ муассисаи таълимӣ месозад

Дар ноҳияи Дӯстӣ бо харҷи ҳашт миллион доллар муассисаи таълимӣ месозанд. Иншооти мавриди назар бо ҳисаи Ҷумҳурии Туркманистон бунёд мешавад.

Даврон Нишонзода — раиси ноҳияи Дӯстӣ имрӯз, 10-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар муассисаи таълимӣ як вақт метавон 540 хонандаро ба таълим фаро гирифт. “Аллакай намояндагони Ҷумҳурии Туркманистон ба ноҳияи мо омаданд”,- афзуд ӯ ва илова кард, ки корҳои сохтмонӣ дар наздиктарин муҳлат оғоз мешаванд.

“Муассисаи таълимӣ аз се ошёна иборат аст. Барои бунёди иншооти мавриди назар дар ҷамоати деҳоти Ҷилликул се гектар замин ҷудо шудааст. Дар назар аст, ки муассисаи таълимӣ дар соли 2024 ба истифода дода шавад»,- афзуд ӯ.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон беш аз 18 ҳазор ҷамъияти туркман зиндагӣ мекунанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *