Туркманистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистонро баргузор мекунад
Аз 22 то 26-уми ноябр дар Туркманистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги кишвар, ҳайате иборат аз 80 нафар ҳунарманд таҳти роҳбарии вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ба Туркманистон сафар кардааст.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни баргузории рӯзҳои фарҳангӣ вохӯрии вазири фарҳанги Тоҷикистон бо вазири фарҳанги Туркманистон, се барномаи консертӣ, намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, санъати тасвирӣ ва намоиши аксҳои манзараҳои зебои Тоҷикистон дар назар аст.
— Рӯзҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Ашқобод ва Марии Туркманистон доир гардида, ансамблҳои «Лола», «Парасту», ансамбли созҳои миллӣ, ҳунармандони маъруфи кишвар Носир Сафарзода, Ҳақназар Аловатов, Амирҷон Рӯзиев, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Чоршанбе Аловатов, Нозанин Комилова, Сироҷиддин Ҷӯраев, тарроҳ Хуршед Сатторов, ҳунарманд Салимабону Каримова, мусаввирони бомаҳорати ҷумҳурӣ бо барномаҳои рангину ҷолиб назди тамошобинони ин шаҳрҳо ҳунарнамоӣ менамоянд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ