Туркманистон: Рӯзи шаҳсавор ё аспсавор таҷлил карда шуд
Дар Туркманистон дубора Рӯзи шаҳсавор ё аспсаворро таҷлил карданд. Соли ҷорӣ дар ин рӯз ба президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 8 асп аз номи 8 вилоят ва аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин асппарварони кишвар чандин аспи дигар тақдим шуд.
Ҳамчунин ба Бердимуҳаммадов саги Алабай тақдим карданд.
Бердимуҳаммадов дар ин рӯз рӯи аспи «Оқ юл» (роҳи сафед) нишаста, ҳунари аспсавориашро ба намоиш гузошт. «Роҳбари давлат ҳунари волои аспсавориро нишон дод. Асп ҳам эҳсос кард, ки болои вай шаҳсавори ботаҷриба нишастааст, ба хиромидан оғоз кард», — менависанд расонаҳои маҳаллӣ.
Соли гузашта дар Рӯзи шаҳсавори туркман Бердимуҳаммадов дар пойгаи аспдавонӣ ширкат ва шоҳҷоиза — мошини сабукравро соҳиб шуд. Соли ҷорӣ Рӯзи шаҳсавори туркман, ки аз соли 1992 ба ин ҷониб таҷлил мешавад, мақоми ҷашни миллиро гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ