Туркманистон: Таъкиби истифодабарандагони акси президент дар ташноб

Дар шаҳри Гумдаги Туркманистон нозирони минтақавӣ ба ҷӯстуҷӯи онҳое баромаданд, ки дар ҳоҷатхона ба ивази коғази ташноб газетаҳоеро истифода мебаранд, ки акси президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро доранд.

Нозирон ҳоҷатхонаҳои манзилҳои сокинонро тафтиш мекунанд, агар чунин рӯзномаҳо пайдо шуд, бори аввал соҳибхона огоҳӣ мегирад.

Нозирон ҳамчунин вазифадор шуданд, ки аксҳои ифлосшудаи президентро аз дохили партовгоҳҳо пайдо кунанд. Барои ҳар партовгоҳ нозири махсус таъйин шудааст, ки агар газетаҳои дорои акси президент ёфт шавад, нозир вазифадор аст, соҳиби партовро пайдо ва ба мақомот хабар диҳад.

Хабар дода мешавад, ки дар ноҳияи Гӯруғлии вилояти Дашоғуз як мудири мактаб баъди он ки аз ҳоҷатхонаи мактаб газетае бо акси президент пайдо шуд, аз мақом барканор гардид. Расонаҳо ҳамчунин аз даҳ ҳолати дигари барканории мансабдорон баъди пайдо шудани нашрияҳои дорои аксҳои президент дар ҳоҷатхонаҳо хабар медиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки акси президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар аксари рӯзномаҳои Туркманистон нашр мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *