Туркманистон ва ОМ. Сиёсати неки ҳамсоягӣ ва рушди муштарак

Таҳким ва густариши ҳамаҷонибаи муносибатҳои аввалиндараҷаи дӯстона ва неки ҳамсоягӣ бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои асосии стратегияи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна мебошад, ки давлати Туркманистон бо принсипҳои бетарафии мусбат ва ҳамкориҳои судманд асос гузоштааст.

Имрӯз Туркманистон давлати муосирест, ки анъанаҳои хоси мардумӣ ва арзишҳои демократии аз ҷониби умум эътирофгардида дорад.

Моҳи феврали соли 2022 дар Туркманистон Барномаи «Эҳёи давраи нави давлати тавоно: Барномаи миллии рушди иқтисодиву иҷтимоии Туркманистон барои солҳои 2022-2052» қабул шуд. Ин барнома ҳамчун роҳнамо барои рушди кишвар ва то нимаи асри 21 чӣ гуна шуданаш хидмат мекунад. Ҳамин тавр, дар таърихи муосири Туркманистони мустақили бетараф марҳалаи нави муҳим ва масъулиятнок оғоз меёбад.

Оғози бомуваффақияти татбиқи барномаи дарозмуддатро Барномаи Президенти Туркманистон оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар барои солҳои 2022-2028 ва Барномаи миллии Президенти Туркманистон оид ба дигаргунсозии вазъи иҷтимоию маишии аҳолии деҳот, шаҳракҳо, шаҳрҳо ва марказҳои маъмурӣ дар давраи то соли 2028 таъмин намудаанд.

Туркманистон тадбирҳои маҷмуии рушди минбаъдаи мамлакатро ба амал бароварда, суръати баланди тараққиёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва тамоюлҳои мусбатро дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ва тамоми минтақаҳои кишвар нигоҳ медорад. Дар ин бора нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ барои соли 2022 шаҳодат медиҳанд. Ҳамин тариқ, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 6,2 фоиз, дар бахши саноат 6,3 фоиз, нақлиёт ва алоқа 4,5 фоиз, савдо 8,9 фоиз, кишоварзӣ 5,7 фоиз, хизматрасонӣ 7 фоиз афзудааст. Дар маҷмуъ, дар соли 2022 ҳаҷми истеҳсолот нисбат ба соли 2021-ум 11 фоиз афзудааст.

Дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ нишондиҳандаҳои мусбати истеҳсолӣ ба даст оварда шудаанд. Гардиши савдои берунӣ низ 32,9 фоиз афзудааст. Музди меҳнати корхонаҳои калону миёнаи кишвар нисбат ба соли 2021-ум 10,4 фоиз зиёд аст. Музди меҳнат, нафақа, ёрдампулии давлатӣ ва идрорпулии донишҷӯён сари вақт ва пурра таъмин карда мешавад. Аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 76 объекти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ кушода шудааст.

Тамоюлҳои мусбат дар иқтисодиёт дар соли 2023 низ идома хоҳанд ёфт. Мамлакат иқтидори иқтисодии худро дар асоси навсозии технологии соҳаҳои асосии саноат, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва такмили сохтори идоракунии иқтисодиёт мунтазам афзоиш медиҳад. Барномаҳои давлатии истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, зиёд намудани молҳои ба содирот нигаронидашуда, бунёди саноати электроника самаранок амалӣ мешаванд. Тибқи нақшаҳо сиёсати диверсификатсияи захираҳои энергетикӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ амалӣ гардида, лоиҳаи сохтмони лӯлаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон ва дигар лоиҳаҳои минтақавӣ ҷомаи амал мепӯшанд.

29-уми июни соли 2023 ифтитоҳи шаҳри нави «ҳушманд»-и Аркадаг баргузор шуд, ки ба он 21 сертификат ва ҷоизаҳои байналмилалӣ дода шуд.

«Дар зарфи чор сол аз тарафи бинокорони маҳаллӣ бунёд гардидани чунин шаҳр аз иқтидори баланди иқтисодиёти мо шаҳодат медиҳад”,- таъкид мекунад Президенти Туркманистон.

Давлат — барои инсон

Ғамхорӣ нисбати одамон, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии онҳо самтҳои асосии сиёсати давлат мебошанд. Ин дар формулаи «Давлат — барои инсон!» ифода ёфтааст. Бо мудернсозии хоҷагии халқ, нигоҳ доштани суръати баланди тараққиёти иқдтисодӣ Туркманистон дар рушди иҷтимоӣ муваффақиятҳои калон ба даст меорад.

Рӯй меорем ба баъзе далелҳо. Соли 2022 дар кишвар ҳудуди 4000 ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, масоҳати умумии манзилҳои ба истифода додашуда беш аз 1,5 миллион метри мураббаъро ташкил дод. Дар доираи Барномаи давлатии «Саглик» дар соли 2022 дар шаҳри Туркманбошӣ бунёди як беморхонаи бисёрсоҳа барои 400 кат, беморхонаи бисёрсоҳавӣ ва саратоншиносӣ дар маркази маъмурии минтақаи шимолии кишвар — шаҳри Дашоғуз ва дар минтақаи ба номи С. А. Ниёзов ду бинои бисёрҳуҷрагӣ барои кормандони системаи тандурустӣ ба роҳ монда шуд.

Дар ояндаи наздик Маркази байналмилалии ташхиси тиббӣ, Маркази байналмилалии бемориҳои дарунӣ ва Маркази байналмилалии «Эне Мяхри» комилан таҷдид мешаванд. Дар Ашқобод Маркази байналхалқии илмию клиникии физиология ва Маркази байналхалқии муолиҷаю барқароркунӣ, дар ноҳияҳо бунёди иншооти нави махсус ба роҳ монда мешавад. Дар идомаи ин кор Президент Қарорҳо “Дар бораи сохтмони Маркази байналмилалии педиатрия”, “Дар бораи сохтмони Маркази байналмилалии илмию клиникии саратоншиносӣ”, “Дар бораи сохтмони Маркази стоматологӣ”-ро ба имзо расонидааст.

Муассисахои нигаҳдории тандурустӣ, ки аз ҳар ҷиҳат ба стандартҳои байналхалқӣ мувофиқанд, инчунин қисми муҳими инфраструктураи иҷтимоии шаҳри нави Аркадаг мебошанд. Он беморхонаи бисёрсоҳа барои 350 кат, маркази онкологӣ барои 150 кат, маркази саломатии модару кӯдак барои 150 кат, маркази ёрии таъҷилӣ, маркази саломатиро дар бар мегирад. Ҳамаи ин муассисаҳо бо таҷҳизоти замонавии тиббии истеҳсолкунандагони пешрафтаи ҷаҳон муҷаҳҳаз мебошанд. Маркази саломатии кӯдакон ва тавонбахшии ба номи Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро махсусан зикр кардан ҷоиз аст.

Бунёди хайриявии ба номи Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои кумак ба кӯдакони муҳтоҷи парасторӣ ва дар ҳалли масъалаҳои солимии ҷомеа фаъолона иштирок мекунад. Барои гузаронидани амалиёти гуногун дар муассисаҳои тиббии пойтахт ва вилоятҳои кишвар, инчунин барои пардохти хароҷоти табобат ва харидани лавозимоти тиббии шаҳрвандони ҷавони Туркманистон, ки ба нигоҳубин эҳтиёҷ доранд ва дар хонаҳои бачагон, мактабҳои махсус ва мактаб-интернатҳо тарбия ва таълим мегиранд, мунтазам аз ҳисоби Фонд маблағ ҷудо карда мешавад.

Бо фармони Президенти Туркманистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, беҳбуди вазъи иҷтимоию маишии мардум ҳамасола аз 1-уми январ музди меҳнат, нафақа, кумакпулиҳои давлатӣ, идрорпулии донишҷӯён ва шунавандагон зиёд карда мешавад.

Имрӯз қисми асосии аҳолии Туркманистонро насли наврас ташкил медиҳад. «Мо ба ҷавонон ҳамчун созандагони ояндаи кишвар менигарем»,- таъкид мекунад Президенти Туркманистон. Асосҳои ҳуқуқии сиёсати ҷавонон дар кишвар тавассути Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон», ки моҳи сентябри соли 2022 қабул шуда буд, таъмин гардидааст. Ҳамчунин Барномаи давлатӣ дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонони Туркманистон барои солҳои 2021-2025 амалӣ мешавад.

Туркманистон муваффақиятҳои сиёсати иҷтимоии худро дар Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор, ки 19-уми июли соли 2023 дар Ню-Йорк (ИМА) баргузор гардид, муаррифӣ кард. Шарҳи дуюми ихтиёрии миллӣ оид ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Туркманистонро дар давраи пас аз пешниҳоди аввалин ШИМ дар соли 2019 муаррифӣ мекунад. Тавре аз Шарҳ бармеояд, Туркманистон ҷонибдори иҷрои Барномаи рушди устувор буда, ба натиҷаҳои муайяни мусбат ноил шудааст. Баҳогузорӣ нишон медиҳад, ки сатҳи баланди мутобиқсозии ҳадафҳои Рӯзномаи давраи то соли 2030 ба стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои чорабиниҳои миллӣ 85% таъмин гардидааст.

Мақоми давлати бетараф, ки ду маротиба — солҳои 1995 ва 2015 бо қатъномаҳои Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ шудааст, ба давлати мустақили Туркманистон нуфузи махсус ва нақши барҷаста дар равандҳои байналмилалӣ овард. Соли 2007 бо ташаббуси ҳукуматҳои панҷ давлати Осиёи Марказӣ аз ҷониби Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки қароргоҳаш дар Ашқобод воқеъ аст, ба сиёсати созандаи хориҷии Туркманистон баҳои баланд дода шуд.

Имрўз Туркманистон узви фаъоли созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ, пеш аз ҳама СММ буда, як қатор ташаббусҳои муҳимеро ба миён мегузорад, ки ба рушду таҳкими ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар миқёси ҷаҳон нигаронида шудаанд.

Туркманистон бо татбиқи ташаббусу ғояҳои мушаххаси сиёсати мусбати хориҷӣ, ки ба таҳкими сулҳу субот нигаронида шудааст, воқеан муносибати масъулиятнок, ошкоро ва қатъии худро дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот мекунад.

Туркманистону Тоҷикистон — муколама ба хотири сулҳ, рушд ва бурдборӣ

Туркманистон бо ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон муносибатҳои дӯстона дошта, робитаҳои бародаронаро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам менамояд. Ҳамкории ду кишвари дӯст бо як қатор хусусиятҳои таърихӣ, аз ҷумла риштаҳои дӯстии чандинасра, анъанаҳо ва арзишҳои умумии таърихӣ ташаккул ёфтааст.

Чунон ки маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои конструктивии ба миён гузоштаи Туркманистонро ҳамеша дастгирӣ карда, аз муваффақиятҳои халқи бародар самимона шод мешавад. Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои аввали истиқлол сиёсати дўстию боварӣ ва ёрии ҳамдигарро пайваста пеш гирифта, на танҳо барои нигоҳ доштани наздикии таърихӣ, балки барои рушди ҳамаҷонибаи он саъй мекунанд. Ба шарофати ғамхории беандозаи сарони ду кишвар — Сердар Бердимуҳаммадов ва Эмомалӣ Раҳмон равобити дуҷонибаи Туркманистон ва Тоҷикистон босуръату пайваста рушд мекунад.

Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми январи соли 1993 Протокол дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишварро имзо карданд. Туркманистон ва Тоҷикистон муносибатҳои худро дар заминаи баробарӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии мутақобилан судманд бунёд мекунанд. Яке аз нишондиҳандаҳои равшани динамикаи мусбати ҳамкориҳои ду кишвар дастгирии сиёсии ҳамдигар, аз ҷумла дар самти ҳамкориҳои мутақобила бо давлатҳои минтақа мебошад.

Дар арсаи сиёсии байналмилалӣ ҳар ду ҷумҳурӣ дар доираи созмону анҷуманҳои бонуфузе аз қабили СММ, САҲА, ИДМ, ЮНЕСКО, СҲИ, ТРАСЕКА, С5+1, «ИА + Осиёи Марказӣ», «Ҷопон + Осиёи Марказӣ», «Ҷумҳурии Корея — Осиёи Марказӣ», «Ҳиндустон — Осиёи Марказӣ», «Чин + Осиёи Марказӣ» ва ғайра оид ба бисёр масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ бо мавқеъҳои муштарак ва якхела баромад мекунанд. Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин аз формати «Осиёи Марказӣ — АСЕАН», ки бо ибтикори ҷониби Туркманистон сурат гирифтааст, пуштибонӣ кард.

Тавре маълум аст, Тоҷикистон ҳамеша аз ташаббусҳои байналмилалии Туркманистон, аз ҷумла дар самти амнияти энергетикӣ, нақлиёт, экология, инчунин дар интихоби кишвари мо ба узвият ва раҳбарии созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷонибдорӣ мекунад. Ҷониби Туркманистон дар навбати худ муроҷиат ва ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистонро оид ба узвият дар созмонҳои байналмилалӣ мусбат арзёбӣ намуда, қатъномаҳои бо ташаббуси Тоҷикистон дар СММ ва дар чаҳорчӯбаи дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ қабулшударо дастгирӣ мекунад.

Ба шарофати ғамхории пайвастаи роҳбарони ду давлат вақтҳои охир ҳамкориҳои Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми самтҳои муколамаи мутақобилан эътимодбахши дуҷониба рушди нав пайдо кард.

Дар ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 6-уми августи соли 2021 дар Минтақаи миллии сайёҳии «Аваза» баргузор гардид, бо қарори якдилонаи сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ сарафроз гардонида шуд.

Тавре дар мулоқоти сатҳи олӣ махсусан қайд гардид, ин нишони сарисинагӣ ба Сарвари давлати Тоҷикистон барои хизматҳои барҷаста дар рушди дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ такдим гардид.

Ин бори дигар самти башардӯстонаи фаъолиятҳо дар доираи Ҷаласаи машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва саҳми бебаҳои ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ дар таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатиро тасдиқ мекунад.

Бояд гуфт, ки нахустин сафари давлатии Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2023 як рӯйдоди муҳими 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар ва оғози ояндаи нав дар муносибатҳои дутарафа гардид.

Туркманистон ва Тоҷикистон аз амиқ шудани шарикии стратегӣ хабар дода, онро дар Эъломияи имзошуда таҳким бахшиданд. Дар Эъломия нияти бемайлони ду давлат барои идомаи фаъолонаи рушди ҳамкориҳои бисёрсоҳавӣ дар формати дуҷониба ва бисёрҷониба, ҳамкориҳои созанда дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ тасдиқ гардид. Таъкид мешавад, ки тавсеаи минбаъдаи муколамаи туркману тоҷик ба манофеи бунёдии ҳарду кишвар ҷавобгӯ буда, ба рушди онҳо ва ҳамчунин таҳкими сулҳу субот дар минтақа мусоидат хоҳад кард. Ҳамин тариқ, Эъломия азми қатъии Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои байнидавлатӣ ба манфиати ду халқи бародар тасдиқ мекунад.

Инчунин, зикри ин нукта муҳим аст, ки хусусияти назарраси барномаҳои ҳамкориҳои муназзам, ки байни вазоратҳои корҳои хориҷии Туркманистон ва Тоҷикистон самаранок амалӣ мегарданд, динамикаи рушди ҳамкориҳои самарабахши сиёсию дипломатиро муайян мекунанд. Дар ин замина машваратҳои сиёсӣ, ки мунтазам байни вазоратҳои корҳои хориҷии Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, ҳамчун як механизми боэътимоди баланд бардоштани сатҳи шарикии дуҷониба, инчунин табодули афкор оид ба масъалаҳои гуногуни дорои хусусияти дуҷониба, аз ҷумла ҳамкории минтақавӣ ва ҷаҳонӣ тавсия шудаанд.

Вақтҳои охир Туркманистон ба тавсеаи равобити байнипарлумонии Туркманистону Тоҷикистон, рушди босуръати механизмҳои дипломатияи парлумонӣ ва боз ҳам фаъол гардонидани табодули таҷриба дар фаъолияти қонунбарорӣ аҳамияти хоса медиҳад. Илова бар ин, миёни ду кишвар Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ фаъолият мекунад.

Ҳамчунин, анҷумани соҳибкорони туркману тоҷик, ки 8-уми майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҷаласаи нахустини Шӯрои соҳибкорон, намоишгоҳи муштараки колоҳои содиротии ду кишвар барои баррасии доираи васеи масоили марбут ба рушди тиҷорат, татбиқи иқтидори тиҷоратию иқтисодӣ, содиротӣ, сармоягузорӣ, илмию таълимии ду кишвар минбари хубе гардид.

Туркманистон ва Тоҷикистон дар заминаи эҳёи равобити мутақобилан судманд дар арсаи тиҷорату иқтисод тасмим гирифтаанд, ки шарикони боэътимоди иқтисодии хориҷӣ гарданд ва равобити дарозмуддат бунёд кунанд. Соҳаҳои асосии ояндадори ҳамкориҳои Туркманистону Тоҷикистон соҳаҳои сабук, нафту газ, саноати кимиё, металлургӣ, комплекси агросаноатӣ, нақлиёт ва коммуникатсия мебошанд.

Бунёди мактаби таҳсилоти умумии ба номи Махтумқулӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон намунаи равобити бародарона ва ҳамкориҳо дар соҳаи маориф хоҳад буд, ки оғози ботантанаи сохтмони он дар доираи як сафари давлатӣ бо иштироки президентҳои Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Махсусан муҳим аст, ки талошҳои муштараки раҳбарони кишварҳои мо комилан ба таҳкими муносибатҳои дӯстонаи неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории судманди давлатҳои минтақа нигаронида шуда, саммитҳои дарпешистодаи Душанбе дар сатҳи баланд ба таҳкими раванди рушди ҳамкории минтақавӣ ва амнияту субот дар минтақа мусоидат хоҳанд намуд.

Тавре маълум аст, рӯзҳои 14-15-уми сентябри соли 2023 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар Душанбе ҳамчунин ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Сандуқи байналмилалии наҷоти Арал дар ин рӯзҳо баргузор мешавад.

Саммитҳои навбатии сатҳи баланд ба шарикии дарозмуддат такон ва муҳтавои нав бахшида, ба таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯстона ва неки ҳамсоягии байни кишварҳо ва халқҳои минтақа ҳамаҷониба мусоидат мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *