Туркманистон: як харидор ҳақ надорад, бештар аз 1 кило орд ва ним кило шакар харидорӣ кунад
Дар меъёри фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия поён рафта, пушти дари мағозаҳо навбатпоии тӯлонӣ мушоҳида мешавад. Ин дар ҳолест, ки расонаҳои давлатӣ аз фаровонӣ гузориш медиҳанд.
28 феврал дар мағозаҳои Ишқобод меъёрави нави фурӯши маҳсулот ҷорӣ шуд. Маҳдудият ба вижа ба орду шакар дахл дорад. Дар ҳоли ҳозир як харидор ҳақ надорад, бештар аз 1 кило орд ва ним кило шакар харидорӣ кунад. Пештар аз ин меъёри фурӯши орд 5 кило ва шакар 1 кило муқаррар шуда буд.
Ба гуфтаи сокинони Ишқобод, маҳсулоти мағозаҳо давоми 1-2 соат тамом мешавад.
«Сокинони Ишқобод расо соати 6 субҳ пушти дари мағозаҳо навбатпоӣ мебароянд. Зеро, сарфи назар аз муқаррар шудани меъёри фурӯши орду шакар, ин навъи маҳсулот зуд тамом мешавад», — гуфт як сокини Ишқобод.
Дар ҳоли ҳозир Туркманистон бо камбуди орду нон рӯ ба рӯст. Бархе аз сокинон хабар доданд, ки дар вилояти Дашоғузи ин кишвар дар мағозаҳо аллакай фурӯши сабӯс ба роҳ монда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ