Туркманистониҳо дар арафаи Соли нав орду равғанро бо нархи давлатӣ хариданд
Сокинони Туркманистон бахшида ба ҷашни Соли нав имкон пайдо карданд, ки миқдори муайяни маҳсулоти ғизоиро бо нархи давлатӣ дастрас кунанд.
Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, ин имкон ба сокинони шаҳри Туркманобод ва баъзе аз ноҳияҳои вилояти Лебап даст додааст. «Дар арафаи Соли нав ба сокинони Туркманобод ва баъзе аз ноҳияҳои вилояти Лебап 5-килоӣ равғани пахтаро бо нархи 20-манатӣ ва 5-килоӣ орд доданд», — иттилоъ дод хабарнигор 26 декабр. (Қурби расмии 1 доллар дар Туркманистон 3,5 манат аст).
Дар Туркманистон низоми фурӯшгоҳҳои давлатие фаъолият мекунад, ки баъзе аз намудҳои маҳсулоти ғизоиро ба сокинон бо нархи муқарраркардаи давлат, яъне, арзонтар аз фурӯшгоҳҳои хусусӣ мефурӯшанд. Ин маҳсулот ба ҳар як сокин ба миқдори муайян фурӯхта мешавад. Дар расонаҳои расмӣ ингуна фурӯши маҳсулотро дар фурӯшгоҳҳои давлатӣ «тақсими маҳсулот» менависанд.
Бар асоси меъёри муайянкардаи давлат, ҳар як сокин моҳе ҳақ дорад, аз фурӯшгоҳи давлатӣ танҳо 5 кило орд бихарад. Хабарнигори радио мегӯяд, сокинон замоне метавонистанд орду равғани разон бихаранд, ки маҳсулоти дигарро низ харидорӣ кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ