Турсунзода ҳам соҳиби маркази машваратӣ бар зидди коронавирус шуд
Дар шаҳри Турнсунзода Маркази машваратӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус таъсис ёфт. Дар таъсиси ин марказ раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ташаббус нишон додааст.
Тавре аз ҳукумати Турсунзода иттилоъ доданд, дар марказ мутахассисони соҳаи тиб ба суолҳои сокинон посух медиҳанд. Агар шаҳрвандони шаҳрро ягон нишонаи беморӣ азият диҳад ва ё вобаста ба пешгирии паҳншавии бемори сироятии коронавирус маълумоти иловагӣ гирифтан хоҳанд, ба Маркази машваратӣ дар тамос мешаванд: 83130-262-03, 262-04, 262-05
Маркази машваратӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) инчунин, ба сокинон чиҳати дарёфти табибони минтақавию оилавӣ кумак мерасонад.
Имрӯз таваҷҷуҳи аҳли башар ба масъалаи пешгирии пандемияи COVID-19 равона шудааст. Олимон дар пайи ҷустуҷӯи ваксина, табибон аз пайи муолиҷаи маризон, саховатпешагон мададгори ниёзмандон буда, дар маҷмӯъ, тамоми неруи некандеш дар ҳамкорӣ алайҳи пандемияи COVID-19 мубориза мебаранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ