Турсунзода: Беш аз 50 нафар ба ДИИШ рафтаанд

Генерал Муҳаммадшоҳ Искандарзода (Шоҳ Искандаров), сардори идораи умури дохилии шаҳри Турсунзода гуфт, ки панҷ сокини ин минтақа дар даргириҳои солҳои ахир дар Ироқу Сурия кушта шудаанд. Ӯ охири ин ҳафта дар як матлаби комил дар нашрияи “Қонун ва ҷомеа”-и Вазорати умури дохилӣ дар ин бора хабар дод.

Ӯ гуфтааст, бино ба иттилои онҳо аз шаҳри Турсунзода барои иштирок дар ҷангҳои Ироқу Сурия беш аз 50 нафар рафта, шахсияти 32 нафари онҳо мушаххас шудааст. “Аз ин 32 нафар як нафари онҳо – Аъзамҷон Хоҷаев – аз кардааш пушаймон шуда, ихтиёрӣ худро ба мақомот таслим кард ва аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод гардид. Нисбат ба 26 нафари дигар ҷустуҷӯи байналмилалӣ эълон шудааст”, — афзуд ӯ.

Муҳаммадшоҳ Искандарзода дар идома аз сокинон хостааст, ки дар ин давраи ба қавли ӯ мушкил дар ҷаҳон ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Вай даъват кардааст, сокинон дар баробари илмҳои дақиқ аз Қуръону ҳадис бо тарҷумаи тоҷикӣ ошно шуда, аз исломи ҳақиқӣ огоҳ шаванд. Искандарзода гуфтааст, аз ин тариқ мумкин аст, ки аз фирефта шудани сокинон ба доми гурӯҳҳои тундрав ҷилавгирӣ шавад.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар се соли ахир беш аз 1100 шаҳрванди кишвар барои иштирок дар ҷангҳои Ироқу Сурия рафта, хабари марги 300 тани онҳо тавассути наздиконашон таъйид шудааст. Ба қавли онҳо, то кунун беш аз 80 нафар низ аз ин кишварҳо баргашта, бархеи онҳо мавриди афв қарор гирифтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *