Турсунзода: Духтар модарандарашро корд зад
Аз ҷониби кормандони милитсия зани 24-солаи сокини шаҳри Турсунзода ҳамчун гумонбар дар расонидани зарари ҷисмонӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 26-уми июли соли 2017 дар манзили истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо модарандараш, зани 33-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Нисбати ин қазия тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ