Турсунзода: Филми аниматсионӣ барои пешгирӣ аз коронавирус

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар муассисаҳои кӯдакона, майдонҳо ва бозорҳои ҳудуди шаҳри мазкур ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ ва паҳншавии пандемияи COVID-19 корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ намуданд. Дар ин бора хабар медиҳад АМИТ “Ховар”

«Масъулин бо нишон додани наворҳои омӯзишии видеоӣ ва филмҳои аниматсионӣ, ки дар онҳо дар бораи чораҳои бехатарӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва зарурати муроҷиати саривақтӣ ба табибон ҳагоми мушоҳидаи аввалин нишонаҳои короновирус маълумот дода мешаванд, оид ба пандемияи COVID-19  сухан гуфта,  аҳолиро аз оқибатҳои хатарбори риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ ҳушдор доданд», — омадааст дар иттилоияи манбаъ.

Зикр гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади  пешгирӣ аз сирояти  коронавирус телефони бовариро бо  рақами 511 роҳандозӣ намудааст. Ин  рақам  ба таври шабонарӯзӣ фаъол мебошад.  Сокинони мамлакат  метавонанд дар ҳолати  мушоҳидаи  нишонаҳои нахустини вируси нав  ва дигар ҳолатҳои ба он алоқаманд фавран  бо ин рақам ба вазорат хабар диҳанд.

Бино ба иттилои расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Тоҷикистон, то имрӯз дар мамлакат ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Вале ба ин нигоҳ накарда, ситоди ҷумҳуриявӣ ва масъулини соҳаҳои дахлдор чораҳои пешгирикунандаи интиқол ва паҳншавии ин вирусро дар мамлакат  пайваста  тақвият мебахшанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *