Турсунзода: Мушкилии донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ бартараф шуд
Дар шаҳри Турсунзода бинои нави Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода” мавриди истифода қарор дода шуд.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар расми ифтитоҳи он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фармасевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ ва устодону донишҷӯёни коллеҷи мазкур иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, ки бинои нави коллеҷ аз 4 ошёна иборат буда, дар он 17 синфхона, 1 китобхона, утоқи Маркази миллии тестӣ, толори машваратӣ ва синфхонаи лингофонӣ мавҷуд аст.
— Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода” 10 кафедра ва 3 факулта амал мекунад, ки дар он донишҷӯён аз рӯи 9 ихтисос таълим мегиранд. Солҳои зиёд донишҷӯёни ин даргоҳи таълимӣ дар бинои иҷора таҳсил мекарданд. Акнун, баъди ба истифода додани бинои наву замонавӣ ин мушкилӣ бартараф шуд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ