“Уқоби тоҷик”. Нурулло Алиев ба ҷанги дуюми UFC мебарояд
Размикори тоҷик Нурулло Алиев маъруф бо номи «Уқоби тоҷик» 11 январ дар мусобиқаи UFC Fight Night 249, ки дар Лас Вегас баргузор мешавад, ба майдон бармегардад.
Рақиби Алиеви 25-сола Янал Ашмоуз аз Исроил хоҳад буд, ки рекорди ӯ ҳашт ғалаба ва як мағлубиятро ташкил медиҳад.
Дар бораи муҳорибаи “Уқоби тоҷик” ва “Рӯбоҳи сурх” дафтари матбуотии UFC хабар додааст. Алиев, ки соли 2022 бо UFC шартнома баст, моҳи феврал дар лига бомуваффақият баромад карда, ба Рафаэл Алвес аз Бразилия пирӯз шуд. Аз он вақт инҷониб Алиев нӯҳ ғалабаро бе ягон шикаст ба даст овардааст.
Ашмоузи 29-сола, муборизи ботаҷриба бо се муҳориба дар UFC ва дигар дастовардҳои назаррас дорад. Вай Сэм Паттерсонро нокаут кард, бо қарори якдилонаи доварон аз Крис Дункан мағлуб шуд ва бар Тревор Пик пирӯз шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ