“Уқоби тиллоӣ” аз Лондон. Абдуллоева чӣ тавр ба 400 рақиб ғолиб омад?
Фирӯза Абдуллоева — хонандаи синфи 11-и “Литсей барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Хуҷанд бо истеъдоди нодири забондонии худ аз забони англисӣ дар олимпиадаи байналмилалии “Teeneagle” дар шаҳри Лондон соҳиби ҷоизаи “Уқоби тиллоӣ” ва медали тилло гашт.
Рақобат бо соҳибзабонон
Вақте мо хостем бо Фирӯза ҳамсуҳбат шавем, ӯ дар хориҷа қарор дошт ва пас аз бозгашт сабаби сафарашро чунин шарҳ дод: “Барои супоридани имтиҳон ба Қазоқистон рафта будам. Дар шаҳри Остона барои шомил шудан ба макотиби олии Амрико имтиҳон супоридем. Имтиҳонро хуб супоридам ва пас як моҳ натиҷаи он маълум хоҳад шуд. Итминон дорам, ки ғолиб меоям”.
Фирӯза аз озмуни “Teeneagle” бо тассуроти бою рангин ба ватан баргашт ва аз ғолибияти худ мефахрад. Озмун барои ӯ бисёр мушкил буд, чунки 400 ҷавони соҳибистеъдод аз 27 кишвар дар ин озмун иштирок доштанд ва ғолибият бар рақибони боқувват маҳорат талаб мекунад. “Дар аввал маро ҳаяҷон фаро гирифт. Бовариям намеомад, ки дар миёни иштирокчиёни зиёд соҳиби Шоҳҷоиза ва ҷойи якум шудаам. Баъдан оҳиста-оҳиста ҳиссиёти хурсандӣ ва фахр ҷойгузини ҳаяҷон гашт. Дар ҳақиқат бисёр душвор буд дар миёни шумораи зиёди ҷавонони соҳибистеъдоди дунё соҳиби ҷойи аввал гаштан. Бинед, ҳатто аз Бритониё, ки забони англисӣ забони модариашон аст, ҷавонон иштирок доштанд. Душворӣ дар ҳамин буд, ки мо бо соҳибзабонон рақиб будем”.
Фирӯза то синфи 7 дар гимназияи №1-и шаҳри Истравшан таҳсил карда, баъд таҳсилро дар “Литсей барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Хуҷанд идома медиҳад. Ӯ бештар фанҳои алгебра ва биологияро дӯст медорад ва донистани забонҳои хориҷиро дар замони ҳозира зарур мешуморад. ”Дар синфи 7 вақте ба “Литсей барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Хуҷанд дохил шудам, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи бештарамро равона намудам. Ҳамзамон шароити мавҷуда дар муассиса имконияти омӯзишро бештар намуда буд. Аз синфи 7 инҷониб дар чандин олимпиадаҳои байналмилалӣ аз фанҳои алгебра, биология ва забони англисӣ иштирок намудаам ва аз онҳо ҷоизаҳо низ ба даст овардаам”,- мегӯяд ӯ.
Қаҳрамони мо дар олимпиадаҳои байналмилали “Teeneagle”, “Hippo”, “FISO”, “iSTEM”, “Архимед”, “IMEC”, “Bricsmath” ва “International olympiad of Antalya” иштирок намуда, ҷойҳои якуму дуюмро соҳиб гаштааст.
Ба назари Фирӯза, ҷавонони хориҷӣ бисёр фаъол ва соҳибистеъдод буда, ҳамзамон, меҳмоннавозанд. Дар ин сафар ӯ аз миёни ҷавонони англис дӯстони зиёде пайдо кардааст. Ба назари ӯ, бештар намудани озмуну олимпиадаҳо рағбати ҷавонону наврасонро ба илмомӯзӣ бештар мегардонад.
Аз нақшаҳои оянда то маслиҳат ба ҳамсолон
Фирӯза ба илмҳои ҷомеашиносӣ ва равоншиносӣ рағбат дорад ва дар оянда мехоҳад мутахассиси равоншинос ва ҳам тоҷири муваффақ гардад. Таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи дунё ва мутахассиси соҳибмалака шудан дар риштаи интихобкардааш аз нақшаву ҳадафҳои ояндаи Фирӯза аст.
Ӯ ҳамсолони худро ба омӯзиш даъват карда, ба онҳо чунин маслиҳат медиҳад: “Ҳамсолони худро пеш аз ҳама ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ даъват месозам. Бояд насли имрӯза насли забондон бошад. Чун муҳимияти забондониро вақте дарк месозанд, ки ба хориҷа сафар карданд ва ё бинед, ки имрӯз ҳама технология бо забонҳои хориҷӣ истифода бурда мешавад”.
Ӯ доир ба оне, ки бархе оилаҳо монеи таҳсили духтарон мешаванд, гуфт, ки “ман бар он назарам, ки новобаста аз писар ва ё духтар будан насли имрӯза бояд соҳибмаълумот бошад. Албатта дар кишвари мо назар ба писарон барои духтарон мушкилтар аст, зеро баъзе волидон монеа мешаванд. Вале агар духтар маълумотдор бошад, ҳаддалимкон ба фарзандаш, ки нахустустоди ҳар кӯдак модараш ба ҳисоб меравад, чизе гуфта ё таълим дода тавонад”.
Фирӯза пеш аз ҳама миннатдории худро ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва директори “Литсей барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Хуҷанд Сурайё Негматова мерасонад.
Тоҷикистон дар “Teeneagle”
Олимпиадаи байналмилалии «Teenеagle» ҳамасола дар Британияи Кабир теъдоди зиёди наврасону ҷавонони соҳибистеъдодро барои рақобат аз фанни забони англисӣ ба ҳам меорад. Имсол ин озмун аз 31-уми июл то 7-уми август дар шаҳри Лондони Британияи Кабир баргузор шуд ва аз Тоҷикистон 73 нафар хонандагони болаёқат аз минтақаҳои гуногун дар олимпиадаи мазкур иштирок намуданд.
31 нафар аз Тоҷикистон сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд, ки бо ин нишондиҳанда дастаи наврасони Тоҷикистон мақоми аввалро соҳиб гаштанд. Ҷойи дуввумро наврасони Озарбойҷон ва кишварҳои Камбоҷаву Бангладеш мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Идибеки САИД, “Тоҷикистон”
АЗ ИДОРА: Давоми соли хониши 2021-2022 муҳассилини Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар беш аз 15 олимпиадаи фаннии байналмиллалӣ дар кишварҳои Амрико, Туркия, Тайланд, Малайзия, Сингапур, Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса иштирок карда, 493 медал (тилло, нуқра ва биринҷӣ) ба даст овардаанд. Чӣ гуна чунин дастовард ба як муассиса даст дод? Асрори омода кардани вундеркиндҳо дар чист? Ба ин ва дигар суолҳои ҳафтаноми “Тоҷикистон” директори литсей Сурайё Неъматзода посух гуфт, ки дар шумораи оянда мутолиа хоҳед кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ