Ҳуқуқшинос бо пора ба даст афтид

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар як ҳуқуқшиноси «Агроинивестбонк»-ро барои гирифтани пора боздошт кардааст.

Нисбати ӯ бар асоси моддаи 279-и Кодекси ҷиноятӣ ,парванда боз намуд.Сӯҳроб Раҳимов, ҳуқуқшиноси «Агроинивестбонк» аз як муштарии бонк барои аз гарави бонк озод намудани се манзил 2500 доллар талаб карда, ҳангоми гирифтани 1500 доллар дастгир шуд. Сӯҳроб Раҳимов бар асоси шикояти як сокини Душанбе боздошт шуд, ки моҳи ноябри соли гузашта аз ӯ ришва талаб карда буд.Ин ҳуқуқшинос барои аз гарави бонк озод намудани манзилҳои истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаҳои Чортут — 61, Ҳилолӣ — 44 ва Хлопзаводская — 95, аз ӯ пора ба маблағи маблағи 2500 доллари ИМА талаб намуда, аз ин маблағ 1000 доллари ИМА-ро пешакӣ гирифта, боқимонда 1500 доллари ИМА-ро талаб намудааст.Кормандони ин Агентӣ Сӯҳроб Раҳимовро ҳангоми гирифтани 1500 доллари боқимонда (14 ҳазор сомонӣ) дастгир кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *