Ҳуҷуми бангиҳо ба кампирҳои фаррош

Хонандаи ҳамешагии ин сомонаи машҳур ҳастам. Шунидем, ки ин сомона ба доди мо мардуми бепуштупаноҳ мерасад ва саҳифаеро бо номи «Номаҳо» кушодааст. Мехоҳам дар бораи як масъалаи бисёр муҳим ҳарф занам. Ман дар яке аз корхонаҳои шаҳр фаррош шуда кор мекунам. Мо бояд то омадани кормандон кори худро ба сомон расонем, аз ҳамин сабаб хеле барвақт аз хона мебароям. Як ҳамкорам дар наздикии хонаи ман зиндагӣ мекунад, мо қариб ҳамеша якҷоя ба кор меравем. Дирӯз тақрибан соатҳои 5-и субҳ мошини шишасиёҳе ба шаст омада дар наздамон истоду ронанда сарашро аз тиреза бароварда гуфт: “Шинед, шумоёнро то ҷойи лозимӣ мебарам!” Гумон кардем, ки дили ин ҷавон ба мо, кампиракон сӯхтаасту мехоҳад моро ба манзиламон расонда савоб бигирад. Ронанда танҳо набудааст, нав дарро кушода будем, ки ду ҷавони масти дигар “биёед дар бағали мо шинед, кайф карда меравем” гӯён, кӯшиши моро зӯран ба оғӯш кашиданро намуданд. Аз тарс бо тамоми овоз дод зада ёрӣ пурсидем. Хайрият, ки ду марди баномуси роҳгузар ба додамон расиданд, вагарна Худо медонад, ки он ҷавонони авбош бо мо чиҳо мекарданд. Бангиҳои “шикорчӣ” аз он ду марди қавиҳайкал тарсида, ба мошин нишаста думашонро хода карда гурехтанд. Мо-ку худамонро аз ин балоҳои дупо халос кардем, вале Худо накарда, фардо чунин ҳодиса ба сари духтарҳоямон биёяд, он бечораҳо чӣ кор мекунанд? Маҳз ҳамин савол маро маҷбур кард, ки қалам ба даст гирифта, ин ҳодисаро ба хонандагони сомонаи «Тajikistantimes.tj” нақл кунам. Вақте ки мо, кампирҳоро зӯран ба мошин шинонда “кайф” кардан мехоҳанд, худатон тасаввур кунед, ки агар духтарҳои ҷавон ба дасти чунин авбошҳои одамсурати ҳайвонсират афтанд, ҳолашон чӣ мешавад! Хонандагони азиз, фарзандон, хоса зану духтарҳоятонро танҳою бе назорат нагузоред, чунки имрӯз сари ҳар як қадам чунин ҷавонони худонотарсро во хӯрдан мумкин аст. Аз дасти чунин бангию ҳангиҳо ҳама кор меояд!
Мавҷуда, фаррошзани 68 сола

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *