Уқёнус 8 ҷазираро зери об кард

Олимони Австралия, Микронезия ва Фиҷа муаян намуданд, ки якбора ҳашт ҷазираи Микронезия зери об  монданд.

Сабаби боло шудани сатҳи  оби баҳрро дар гармшавии ҳаво ва эрозияи заминҳои лаби баҳр медонанд. Натиҷаи тадқиқотро олимон дар журнали Journal of Coastal Conservation нашр намуданд.

Сатҳи оби қисмати ғарбии уқёнуси Ором 3 милиметр баланд мешавад. Баландшавӣ аз ҳисобаи шамол ва туфонҳо ба миён меояд, ки ин ҳодиса метавонад дар як сол то  12 миллиметр оби уқёнусро баланд бардорад. Дар соли 2016  гӯруҳи тадқиқотчиён аз Австралия изҳор дошта буданд, дар асри ХХ 5 ҷазираи ҳукумати Саламонҳо зери об монда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *