Убайдуллоҳ Раҷабов: Дар ҷанозаам хандидам

Ногуфтаҳои ҳунарманди мардумӣ

Зиндагиномаи Убайдуллоҳ Раҷабов:

Убайдулло Раҷабов 20 марти соли 1941 дар ноҳияи Данғараи вилояти Кӯлоб (ҳоло Хатлон) таваллуд шуда, хатмкардаи Мактаби мусиқии Душанбе (1964), шӯъбаи коргардонии Донишгоҳи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (1982) мебошад.

Аз соли 1964 ба ин сӯ ҳунарманди Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буд. Дар ин миён солҳои 1968—1970 ҳунарманди Театри мусиқӣ – драмавии шаҳри Кӯлоб низ буд.

Убайдулло Раҷабов аз соли 2000 ба 2004 дар вазифаи раиси Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати Тоҷикистон кор карда, як муддат мудири кулли Корхонаи давлатии фарҳангиву фароғатии «Пойтахт-80» буд. Ҳамзамон, то соли 2020 коргардони муҳимтарин маъракаҳои дастаҷамъии сатҳи давлатӣ буд.

Яке аз корҳои мондагори ӯ театри миниатурии «Ойина» аст, ки соли 1991 бо ибтикори ӯ дар тобеияти ҳукумати шаҳри Душанбе таъсис ёфт ва ӯ то охири умр раҳбариашро бар дӯш дошт.

Убайдулло Раҷабов ҳунарманди ҳам театр ва ҳам синамо буд.

Хор («Антигона»-и Жан Ануй), Маҷ («Рӯдакӣ»-и Сотим Улуғзода), Абулқосим («Кафшҳои Абулқосим»-и Иван Франко), Эшон («Вопасин арӯси амиралмуъминин»-и Фазлиддин Муҳаммадиев), Шариф Тормоз («Дар чорсӯ»-и Нур Табаров) ва ғайра беҳтарин нақшҳои ӯ дар саҳнаи театр ҳастанд.

Дар якчанд намоишномаи телевизионӣ низ нақшҳо офаридааст, ки ёдмондатаринашон  Қучқорбойи тракторчӣ дар “Зани оҳанин”-и Шароф Бошбеков аст

Ӯ дар чандин филми синамоӣ, аз ҷумла «Номзад» (1990), «Қасоси Нуҳ пайғамбар» (1992), «Буду набуд» (2002), «Муҷассамаи ишқ» (2003), «Фаришта» (2010) нақшҳои асосиро офаридааст.

Артисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1988), Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ (1998) аст.  Бо орденҳои «Дўстӣ» ва «Ситораи Президент» мукофотонида шудааст.

Роҳи душвор, вале пурифтихор

Роҳи зиндагии ман аз кӯдакӣ душвор буд. Бароям анҷом додани ҳар кор бисёр сангин муяссар шудааст, вале медонистам, ки роҳи дигар надорам. Ман бояд ё рассом мешудам, ё ҳунарманд ва ё дар ягон соҳаи дигари ҳунар кор мекардам. Аз деҳа ба омӯзишгоҳи мусиқӣ омада будам, зеро бародарам Қиматулло мехост, ки ман дирижёри касбӣ бошам. Падарам орзу дошт, ки ман ҳуқуқшинос шавам. Вале модарам бисёр  мехост, ки ман рассомиро пеша намоям. ӯ худ нақш мекашиду риштаҳоро ранг мекард ва рӯймолу сӯзанӣ медӯхт. Ман, ки кӯдаки аз ҳама хурдӣ будам, ҳамеша ҳамроҳи модар менишастам ва корҳои ӯро бо ҳавас тамошо мекардам. Худ низ расм мекашидам ва дар озмунҳо ширкат меварзидам. Баъди хатми мактаб ба омӯзишгоҳи рассомӣ омадам. Бароям мушкил буд, зеро рангу коғазро худамон мехаридем. Вале корҳоям бад набуд, баъзе тасвирҳоямро то имрӯз нигоҳ доштаам. Вақте ки дар назди Театри ба номи Лоҳутӣ студияи актёрӣ кушоданд, ҳуҷҷатҳоямро ба он ҷо супурдам ва баъди ба поён расидани таҳсил роҳбарияти театр қарор дод, ки ман бояд дар ин театр кор кунам. Аз он ҷо ба хидмати ҳарбӣ рафтам ва пас аз анҷоми хидмат боз ба театр баргаштам. Тӯли ин солҳо нақшҳои аҷиби зиёде офаридам ва театрро дӯст доштам, зеро фикрамро ба воситаи нақшҳоям ва сухани драматург баён менамудам. Бузургии касби мо ҳамин аст, ки бо драматург ҳаммуаллиф мешавӣ ва дардатро мегӯӣ. Агар ҳунарманд дардро бо рагу паяш эҳсос накунад, суханаш наметавонад муассир бошад.

Вақте масхара ҷойи ҳаҷвро мегирад…

Ҳаҷвнигор он нест, ки ду калимаро аз ёд мегӯяду мардумро механдонад. Дар мо масхарабоз бисёр шудааст, на ҳаҷвнигор. Фарқи онҳо аз замин то осмон аст. Яъне зермаъно гум шудааст, ҳаҷв онест, ки бо зермаънояш табобаткунанда бошад, на кушанда, на нобудкунанда.

Баъзе гурӯҳҳое ҳастанд, ки барои хандондан меоянд, ман онҳоро қабул надорам. Ман инро рӯирост ҳам гуфтаам. Артист бояд буд, артистӣ ин касб аст, мафҳуми васеъ дорад. Вай касби худро мешиносад, ҷомеаро медонад, сиёсатро медонад. Масхарабоз танҳо барои хандондан меояд.

Ҳозир ягон касро номбар карда наметавонам, ки ин соҳаро соҳибӣ мекунад. Шояд ҳунармандони хубе пайдо шаванд, ё онҳое, ҳастанд, андешаҳояшонро дигар кунанд, барномаҳои хуб созанд. Аслан, ҳаҷв ё танз чизи шахшуда нест. Бар сари он бояд ҳамеша кор кард, такмил дод, дигаргунӣ сохт, то мардум қабул кунанд. Гумон мекунам, ин охири кор нест, ҷавонҳои бисёре пайдо мешаванд ва ин соҳа рушд мекунад.

Президент: Танқид кунед!

Солҳои охир журналистон дар мавриди ҳаҷви сиёсӣ бисёр суолам медиҳанд. Барои танзи сиёсӣ, пеш аз ҳама, сиёсатро бояд донед. Савод, донишу фаҳмиш даркор аст. Вақте намедонанд, метарсанд. Дар сиёсат ҳам хеле чизҳое ҳаст, ки бояд гӯем. Ба манфиати мардум ва давлату давлатдорист. Агар мо ватандӯст бошем, ватанхоҳ бошем, чаро намегӯем? Метарсанд, аз он ки савод надоранд. Аз ин соҳа дуранд. Соҳаро наомӯхтаанд. Худи ҳунар дар баробари ин ки адабиёту сухан аст, сиёсат аст. Он чизе, ки ман дар яке аз консертҳои охирини худ гуфтам, роҷеъ ба коррупсия буд. Дар толор 7-8 намояндаи сохтори давлатӣ иштирок доштанд. Гап-гап зиёд шуд. Ин чиз ба гӯши Президент ҳам мерасад. Вақте дар рӯзи Наврӯз мо бо Президенти мамлакат суҳбат доштем он кас таъкид карданд: “баромад кунед, танқид кунед, гӯед фикратонро…”

Ба ман хиёнат карданд…

Дар театри драмавӣ нақшҳои зиёде буданд, ки ман бозӣ карда метавонистам, лекин ин нақшҳоро ба шахсони дигар доданд ва онҳо аз ӯҳдаи иҷрои он баромада  натавонистанд. Худро таъриф намекунам, вале шахсан ба хотири бозии ман мардум ба театр меомаданд. Баъзе нақшҳоеро, ки дар театр имкони бозӣ карданашон нашуд, дар телевизион иҷро кардам… 

Ман аз театри Лоҳутӣ ба он хотир нарафтаам, ки ба он хиёнат карда бошам, ба ман хиёнат карданд ва он нақше, ки мехостам бозӣ кунам, ба ман надоданд ва вақтҳои охир маро аз зикру зеҳн афтонданд.  Дигарон нақшҳои бузург мебозиданду мо нақшаи театрро иҷро мекардем. Соли 1990 аз театр рафтам ва тасмим гирифтам, ки театри худро ифтитоҳ намоям.

Ханда дар  “рӯзи ҷаноза”

Ҳаҷв ҳамеша бо ман аст. Баъзеҳо хаёл мекунанд, ки мани ҳаҷвнигор масхарабоз бошам. Барои мисол бархе бо сӯиистифода аз рӯзи якуми апрел, ҳазлҳои ноҷо мекунанд, ки на ҳамеша ба ман мефорад.

Чанд сол қабл чунин масхарабозон дӯстонамро ба ҷанозаи ман даъват кардаанд. Дар хона будам, ки 15 нафар аз дӯстонам гирён ба ҳавлӣ  ворид шуда, маро зинда дида, аз шодӣ гиристанд. Ман бори охир аз таҳти дил дар ҳамон “ҷаноза”-и худ хандида будам…

Убайдуллоҳи Раҷаб ба кӯдаки шумо чой диҳад?

Соли 1985. Дар колхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара намоишеро  нишон медодем. Моҳи май, аммо ҳаво гарм буд. Толор тахминан панҷсад- шашсад нафар ҷойи нишаст дошт. Се- чор маротиба зиёдтар тамошогарон омада буданд. Нафас гирифтан дар ин ҳол мушкил мешуд.

Як зан дар панҷум ё шашум қатор  кӯдаки хурдсолаш дар бағал нишаста буд. Намоишро нишон медодем. Дар ҳамин ҳол ин кӯдак ба гиря даромад. Атрофиёнаш ба ӯ гуфтанд, ки аз толор бо кӯдакаш бибарояд. Ӯ мегуфт: «Чаро мебароям? Хайр, кӯдак аст, мегиряд, оромаш карда намешавад.  Ман ба дидани намоиш омадаам. Шумо чӣ ҳуқуқ доред, ки мегӯед ман толорро бояд тарк намоям? Чаро ҳуқуқҳои маро поймол мекунед?». Дар нишон додани намоиш чанд лаҳза таваққуф менамудем. Ҳамин ки сар мекардем, ба нишон додани идомаи намоиш, кӯдак боз гиряро аз нав оғоз мебахшид. Дарёфтам, ки кӯдак ташна аст. Калонсолон ҳам ташна мешуданд, аммо ба ин тоб оварда метавонистанд. Аз чойники саҳна ба пиёла чой рехтам ва даст ба даст равон кардам, ки ба он кӯдаки гирён бидиҳанд. Кӯдакро модараш нӯшонд ва ӯ хомӯш шуд. Аз толор садои кафкӯбии пурмавҷ баланд гардид. Пиёла боз ба саҳна баргашт. Ин бор ҳам ба он чой рехтам ва ҳамон гуна дароз кардам, ки модараш низ бинӯшад. Ҳарчанд гуфт, ки ташна нест, зарурат надорад, хоҳиш намудам, бинӯшад. Нӯшид. Пиёла боз ба саҳна баргашт. Дар ин ҳол гуфтам:  «Модарони азиз, хоҳарони меҳрубон, ба дидани намоиш, ки омадед, барои кӯдаконатон дар шиша об биёред, чой биёред. Интизор нашавед, ки Убайдулло Раҷабов кай аз Душанбе меояду кӯдакони ташнаи шуморо чой медиҳад».  Кафкӯбӣ ин бор баландтару пурмавҷтару самимитар ва дарозтар шуд. Ҳамин хел мо намоишро ба поён расондем.

Истиқболи Мустай  Карим аз Девона

Соли 1976. Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ «Шаби гирифтани моҳ»-и Мустай Каримро ба саҳна гузошт ва офаридани нақши девонаро ба души ман вогузор кард. Офаридани нақши Девона, мушкил аст. Кас аз асли худ муддате хориҷ мешавад ва ба нафаре табдил мегардад, ки моҳияти ҳама чизро, он гуна, ки ҳаст, дарк намекунад, намефаҳмад. 

Он вақтҳо Театрҳои давлатии академӣ пас аз ҳар ду сол дар Москва, дар Театри калон бо нишон додани намоишҳо, як навъ ҳисобот медоданд. Ҳамон сол театри мо намоиши «Шаби гирифтани моҳ»-ро низ бурд. Пеш аз оғози намоиш гуфтанд, ки муаллифи асар,  шоири машҳури бошқирд Мустай Карим барои дидани намоиш омадаву дар толор нишастааст.

Намоиш ба анҷом расид. Онро бисёр хуш пазируфтанд. Қариб 15-20 дақиқа кафкӯбӣ карданд. Мустай Карим гул дар даст болои саҳна баромаданд. Намедонистем, ки нақши офаридаи кӣ писандашон афтода, ки гулро ба ӯ медиҳад. Маро аз миёни ҳайат ҷустанду ёфтанд ва гулро тақдим карданд. Шубҳа намудам: шояд касе дигарро меҷустанду наёфтанд. Не, маро меҷустаанд. Ман дар ин намоиш Девонаро наофаридам, муаллифро, ҷавонии ӯро офаридаму нишон додам.

Тањияи О.НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *