Убайдулло Асрорзода ҳамкориро бо муассисаҳои олии Индонезия ба роҳ монд
Дар арафаи ҷашни Наврӯз ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкорӣ бо муассисаҳои олӣ ба Ҷумҳурии Индонезия сафар кард.
Аз ҷумла, 23 март Убайдулло Асрорзода, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи Негерии Ҷакарта ва роҳбарони воҳидҳои сохтории он мулоқот кард.
«Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи густариши ҳамкориҳои академиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин, имкониятҳои табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон, даъвати профессорон, ташкили таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ муҳокима шуданд»- иттлоъ доданд ба Pressa.tj аз донишгоҳ.
Дар охир намояндагони ду донишгоҳ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ