Убайдулло Асрорзода: Модар чароғи равшани хонадон аст

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши идона баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода дар ҳамоиш гуфт, ки  «Модар мазҳари муҳаббат, меҳру вафо, сабру таҳаммул ва чароғи равшани хонадони ҳар инсон аст. Бо шири поку дуои неки модарон фарзандон ба камол расида, накубахт мегарданд ва дар рушду пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд. Дар роҳи илму маърифат, тарбияи фарзандон ва рушди Ватан нақши модарон беназир аст».

Таъкид гардид, ки ҳоло дар ин муассисаи олӣ сафи омӯзгорону муҳаққиқон ва роҳбарон аз ҳисоби занон зиёд шудаанд.  Махсусан, заноне, ки соҳиби дараҷа ва унвони илмӣ мебошанд, бо неру ва маҳорати баланд дар пешбурди фаъолияти илмию таълимӣ нақши муҳим доранд.

“Онҳо на танҳо ба пешрафти донишгоҳ, балки ба рушди илму маориф ва тарбияи мутахассисони баландихтисос мусоидат менамоянд”,-таъкид дошт ректор.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image