Убайд Раҷаб, То ҳаст оламе, то ҳаст одаме…

Ҳар дам ба рўи ман

Гўяд адуи ман,

К-ин шеваи дарии ту

Чун дуд меравад,

Нобуд мешавад.

Бовар намекунам,

Бовар намекунам.

Бовар намекунам,

Лафзе, ки аз латофаташ ҷонам кунад ҳузур,

Рақсад забон ба созашу ояд ба дида нур,

Лафзе ба ранги лолаи домони кўҳсор,

Лафзе ба сони бўсаи ҷонпарвари нигор,

Ширинтару лазиз

Аз шир, аз шакар,

Қиматтару азиз

Аз сўҳбати падар:

Зеб аз бунафша дораду аз нозбўй бўй,

Софӣ зи чашма ҷўяду шўхӣ зи оби ҷўй,

Нав-нав таровате диҳад чун сабзаи баҳор,

Форам чу савти булбулу дилбар чу обшор.

Бо ҷўшу мавҷи худ,

Мавҷи чу мавҷи рўд,

Бо сўзу тоби худ,

Бо шаҳди ноби худ,

Дил об мекунад,

Шодоб мекунад.

Лафзе, ки эътиқоди ман асту маро вуҷуд,

Лафзе, ки пеши ҳар суханаш оварам суҷуд,

Чун меҳри модарам,

Чун ишқи дилбарам.

Чун хоки кишварам.

Чун завқи кўдаке,

Чун байти Рўдакӣ,

Чун зарраҳои нури басар мепарастамаш,

Чун шўълаҳои нарми саҳар мепарастамаш,

Ман зиндаву зи дидаам чун дуд меравад?

Нобуд мешавад?

Бовар намекунам,

Бовар намекунам!

Номаш барам ба авҷи само мерасад сарам,

Аз шавқ мепарам.

Сад марди мўътабар,

Ояд бари назар,

К-онро чу лафзи байту ғазал иншо намудаанд,

Бо панди Саъдиям,

Бо шеъри Ҳофизам,

Чун ишқи оламе ба ҷаҳон эҳдо намудаанд.

Ҳайрон машав аду,

Сарсон машав аду,

К-ин ишқи пок бар дили дилпарвари ҷаҳон,

Монад ҳаме ҷавон,

То ҳаст оламе,

То ҳаст одаме.

عبيد رجب، تا هست عالمي، تا هست آدمي

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *