Убайдуллоев ҷаласа баргузор намуд
Маҳмадсаид Убайдуллоев – раиси Маҷлиси Миллӣ – ҷаласаи Шӯрои палатаи болоии парлумони Тоҷикистонро баргузор кардааст.
Дафтари матбуоти Маҷлиси Миллӣ рӯзи 15 феврал гуфт, ки дар ин ҷаласа 52 масъала, аз ҷумла тасдиқи тағйиру иловаҳо ба чанд қонуни Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Ин нишаст зоҳиран омодагӣ ба иҷлосияи рӯзи 16 феврал аст. «Аъзои Шӯро қонунҳо дар бораи «мақомоти амнияти миллӣ», «мубориза бар зидди коррупсия» ва «рӯзҳои ид»-ро баррасӣ карданд», — афзуд манбаъ. Дар ин ҷаласа тағйири номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишин дар Панҷакенту Конибодом, Ашт, Спитамен, Ховалинг, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ёвон низ муҳокима шудааст. Инчунин, Шӯрои Маҷлиси Миллӣ ризоят додааст, ки қарори бозхонди раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ ва таъини раиси нав ба ин ниҳод дар ҷаласаи рӯзи 16 феврал барарсӣ гардад. Дар ҷаласаи рӯзи панҷшанбе ҳисоботи додситонии кулл Юсуф Раҳмон низ шунида хоҳад шуд. Маҳмадсаид Убайдуллоеви 65-сола, моҳи январи имсол аз мақоми раиси шаҳри Душанбе барканор ва ҳафтаи гузашта ваколаташ дар Маҷлиси вакилони халқи пойтахт низ бекор шуд. Ҳоло ӯ раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумон, аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ