Убайдуллоев ба Маскав рафт

Субҳи имрӯз (24 октябри соли 2018) Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати парламентии ҳамроҳонаш тибқи даъвати Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко барои иштирок дар Форуми шашуми байнипарламентии «Россия – Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафари корӣ намуд.

Сафари кории Маҳмадсаид  Убайдуллоев дар шаҳри Москва то 26 октябри соли равон идома ёфта, тибқи барномаи сафар Раиси Маҷлиси миллӣ пагоҳ дар кори Форум ширкат ва суханронӣ менамояд.

Дар доираи Форум мулоқоти Раиси Маҷлиси миллӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ва Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин дар назар дошта шудааст.

Мавриди зикри хос аст, ки Форуми VI байнипарламентии «Россия – Тоҷикис­тон: нерӯи ҳамкории байни­­мин­тақавӣ» таҳти раёсати Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев доир гардида, дар кори он  аъзои Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералӣ, роҳбарият ва аъзои Ҳукумати Федератсияи Россия, субъектҳои он ва доираи васеи соҳибкорони ҳарду кишвар ширкати фаъолона меварзанд.

Дар ҳошияи Форум баргузории ҷаласаҳои Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ва панҷ мизҳои мудаввар оид ба мавзуъҳои: Такмили асосҳои ҳуқуқӣ — омили муҳимми ҳамкориҳо, Такмили раванди муҳоҷирати меҳнатӣ — тақозои замон, Рушд ва такмили ҳамкориҳои тиҷоратӣ – иқтисодӣ, Оид ба вазъи ҳамкориҳо дар соҳаҳои аграрӣ, саноати хӯрокворию маҳсулотбарорӣ (истеҳсоли саноатии молҳо) ва тадбирҳои иловагӣ доир ба такмили минбаъдаи онҳо, Вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои иҷтимоию гуманитарии Россия ва Тоҷикистон: илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, доир мегарданд.

Дар ҷаласаи пленарии Форум муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия – Вазири молияи Федератсияи Россия, Раиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Антон Силуанов, Вазири маориф ва илми Федератсияи Россия Олга Василева, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Александр Горовой, Губернатори вилояти Кемеровои Федератсияи Россия Сергей Цивилев, Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катерин, вакили Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Евгений Примаков, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳиф­зи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Вазири рушди иќтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Њикматуллозода, Вазири мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Таѓойзода ва Вазири саноат ва технологияњои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода суханронӣ менамоянд.

Ширкаткунандагони Форуми навбатии байнипарламентӣ таваҷҷуҳи махсусро ба такмилу таҳкими асосҳои ҳуқуқии ҳамкориҳо, ҳалли масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ, рушди тиҷорату иқтисод ва дигар самтҳои дахлдори тарафайн тавассути  истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда равона хоҳанд кард.

 

Наврӯз Қурбонзода

Ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *