Убайдуллоев Баблоянро қабул кард

Дирӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоянро, ки бо як ҳайати баландпояи парлумонӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев нахуст бори дигар ҷаноби Ара Баблоянро ба муносибати интихоб шуданаш ба ин вазифаи пурмасъулияти давлатї самимона шодбош намуда, изҳор намуд, ки сафари мазкур дар рушду таҳкими муносибатҳои байнипарламентӣ бобати фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ дар доираи сиёсати пешгирифтаи сарони ду кишвар, хусусан бањри татбиќи созишномаю ќарордодњои зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон, ки ба тавсеа ва таќвияти робитањои гуногунљабња ба манфиати њарду љониб равона гардидаанд, самараовар хоњад буд.

Дар ин росто, Мањмадсаид Убайдуллоев зикр намуд, ки вусъати њамкорињо дар бахшњои технологияњои муосири иттилоотию коммуникатсионї ва татбиќи Созишнома оид ба њамкорињои илмї байни Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон ва Академияи миллии илмњои Љумњурии Арманистон ањамияти аввалиндараљаро доро мебошад. 

Мо, бо Шумо, афзуд, Раиси Маљлиси миллї, густариши робитањоямонро дар соњаи астрофизика, зилзиласанљї, кибернетика ва математикаи информатикї пайгирона ба роњ хоњем монд. 

Изҳори боварӣ карда шуд, ки парламентарҳои кишварҳо беш аз ҳарвақта барои ташкили заминаи мусоиди ҳуқуқӣ оид ба рушди муносибатҳои иқтисодию тиљоратї дар соҳаҳои мухталиф, бахусус бахшҳои илму маориф, тандурустї, саноат, кишоварзї ва сайёњї имкониятњои мављударо баҳри вусъат бахшидани ҳамкориҳо равона менамоянд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо бо инобати узвият дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ њамкорињои судманди байнипарламентиро дар масоили таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва сањми дастаҷамъона дар пешгирии зуҳуроти номатлуб мавриди баррасӣ қарор доданд.

Њамзамон, ҷаноби Ара Баблоян аз пазироии самимӣ ва мӯҳтавои мулоқоти анҷомгирифта изҳори сипос намуда, афзуд, ки Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон барои ҳамкории боз ҳам судманд бо Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода буда, талош меварзанд бо истифода аз ваколатҳои ба зиммадоштаашон баҳри тақвияти бештари ҳамкориҳо дар ҳама самтҳо, бо истифода аз тамоми имкониятњо, аз љумла тавассути гуруњњои дўстии байнипарламентии тарафњо тадбирҳои мушаххасро ба сомон расонанд.

Дар мулоқот аз дипломатияи парламентӣ ёдоварӣ карда, љонибњо омодагии худро бањри истифодаи самараноки он дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ љињати њифзи манфиатњои миллї зикр намуданд.

Таъкид гардид, ки сафари ҳайатҳои парлумонии ҳарду кишвар дар оянда низ идома ёфта, барои ба сатҳи баланд расидани ҳамкорию робитаҳои гуногунҷабҳа нақши муассир хоҳад гузошт.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба итмом расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *