Убайдуллоев иҷлосия шонздаҳум баргузор намуд

Тавре,ки аз Котиботи  Раиси Маљлиси миллии Маљлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон хабар доданд, 2 августи соли 2018 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи шонздаҳуми  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он аъзои Маљлиси миллӣ бо интихоби котибот ва тасдиқи рўзномаи иҷлосия ба баррасии 22 масъалаи дар он шомилгардида, шуруъ намуданд.

Қабл аз ҳама, дар иҷлосия тибқи моддаи 49 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, моддаи  31 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи вазъи њуќуќии узви Маљлиси миллї ва вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон»  ва моддаи 21 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои навинтихоби Маљлиси миллї — аз њавзањои интихоботии бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 Имомназар Хоҷаназар Лутфулло ва вилояти Суѓд №2 Аҳмадзода Раҷаббой ва Иноятзода Баҳром дар вазъияти ботантана, ба халќи Тољикистон савганд ёд намуданд, ки дар робита ба он Раиси Маҷлиси миллӣ  љињати интихоб шуданашон ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро самимона шодбош намуда, дар фаъолияти қонунгузорияшон баҳри рушди муттасили Ватани азизамон комёбињо орзу намуд.

Дар  асоси муқаррароти Конститутсия, қонунгузории амалкунанда ва Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси миллӣ Аҳмадзода Раҷаббой муовини якуми Раиси Маҷлиси миллӣ, Имомназар Хоҷаназар Лутфулло ва Иноятзода Баҳром узви Кумитаи Маљлиси мил­лии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон оид ба иќтисодиёту коммуникатсия интихоб гардиданд.

Аъзои Маљлиси миллї зимни баррасии масъалањои дигари рӯзнома,  бо хулоса аз гузоришњои аз тарафи раисону аъзои кумитањои марбутаи Маљлиси миллї Раҳмон Озода Эмомалӣ, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Раҳмоналӣ Амирзода ва Миралӣ Раҷабзода пешнињодгардида, 2 ќонуни наву мукаммали Љумњурии Тољикистон, аз ќабили «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» ва «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ворид намудани таѓйиру иловањо ба 13 қонунњои Љумњурии Тољикистонро мавриди муњокима ќарор дода, љонибдорї намуданд.

Дар иҷлосия тибқи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Маҷлиси миллӣ оид ба аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар вафоташ бозхонд намудани Шарофиддин Зоирзода ва аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан  бозхонд намудани Астанақул Қосимов қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Дар фарљоми иљлосия Раиси Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Мањмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи аъзои Маҷлиси миллиро  тавассути  тақвияти фаъолияти судманд дар татбиқи  қонунҳои ҷонибдоришуда ва эътибори  хоса зоҳир намудан ба сифати онҳо  ҷалб намуда, даъват ба миён овард, ки дар марҳилаи кунунӣ  бо дарки баланди масъулиятшиносӣ тамоми нерӯи созандаи худ ва аҳли ҷомеаамонро баҳри таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати аз байн бурдани баъзе равандҳои  фаромарзии таҳрикомез  дар тамоми самтҳою сатҳҳо, хусусан тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ таҳкиму тавсеа бахшида, дар фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон саҳми арзандаи худро  беш аз  ҳарвақта  гузорем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *