Убайдуллоевро дар Агентии зиддикоррупсионӣ пурсиданд

Маҳмадсаид Убайдуллоев – шаҳрдори собиқи Душанбе – дар бораи харҷи пулҳои буҷа барои сохтмони чанд бино дар пойтахт мавриди пурсиши маъмурони Агентии  назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон қарор гирифтааст.

 Як манбаъ аз Агентии зиддифасод дирӯз ин хабарро тасдиқ кардааст.

Манбаъ гуфтааст, ки шаҳрдори собиқ дар мавриди сарфу харҷи сохтмони баландтарини «Душанбе-Плаза» дар маркази пойтахт, бемористони «Истиқлол» ва тарҳи «Манзили дастрас» мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст.

Бемористони «Истиқлол» соли гузашта ба истифода дода шуд ва мақомот гуфтанд, ки барои сохтмонаш 706 миллион сомонӣ харҷ шудааст

«Маҳмадсаид Убайдуллоев дар доираи ҷараёни тафтишоти фаъолияти шаҳрдории Душанбе ба пурсиш даъват шуда, асосан оид ба харҷи маблағҳо дар беморхонаи «Истиқлол» посух дод. Зеро ин беморхона бо маблағгузории ҳукумати шаҳри Душанбе сохта шудааст. Аз ӯ дар бораи баёноти мудири собиқи Раёсати сохтмони шаҳри Душанбе, ки дар мавриди харҷи маблағҳо ба тафтишот додааст, низ суол карданд,» – афзудааст  ӯ.

 

Моҳи феврал Президенти  Тоҷикистон дастур дод, ки санҷиши «истифодаи пулҳои буҷаи кишвар ва пойтахт» барои сохтмони биноҳо дар Душанбе то 1 июл ба охир анҷом шавад. Вай дар мулоқот бо мақомот ва фаъолони Душанбе, ки бо ҳузури шаҳрдори нав Рустами Эмомалӣ ва бе иштироки Маҳмадсаид Убайдуллоев гузашт, гуфт, «дар миқёси пойтахт содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта зиёд буда, вазъи мубориза бо коррупсия нигаронкунанда боқӣ мемонад.»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *