Қудои президент муовини раиси Хадамоти амният шуд

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 феврал қудои худ Ботир Турсуновро муовини аввали раиси Хадамоти амнияти давлатии ин кишвар таъйин кард.

Ба гуфтаи як манбаъ дар Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон, зидди муовини пешини раиси Хадамоти амнияти давлатӣ Ҷаҳонгир Эгамови 46-сола ва як қатор мақомҳои баландпояи дигари ин ниҳод бо ҷурми фасодкорӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Мирзиёев Эгамовро 25 декабри соли гузашта дар ҷараёни як ҷаласаи васеъ бо кормандони Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон аз мақом барканор карда буд. Вале расонаҳои расмӣ дар ин бора хабар надоданд.

Мушовири пешини адлия Ҷаҳонгир Эгамов дар Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон ҳамагӣ 11 моҳ кор кард. Ӯ моҳи феврали соли 2018 муовини аввали раиси хадамот Ихтиёр Абдуллоев таъйин шуда буд.

Ботир Турсунови 72-сола яке аз чеҳраҳои маъруф дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти Ӯзбекистон шумурда мешавад. Ӯ корро дар бахшҳои мазкур ҳанӯз дар солҳои 80-ум оғоз ва дар мақомҳои гуногуни сохторҳои амниятии Ӯзбекистон ифои вазифа кардааст.

Пас аз сари қудрат омадани Мирзиёев дар соли 2016 вай муовини фармондеҳи Горди миллии Ӯзбекистон таъйин шуд.

Писари Ботир Турсунов – Ойбек Турсунов домоди калонии Мирзиёев аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *