Ҷудои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дуюмин шуд

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Бозиҳои  Осиё” оид ба ҷудо байни наврасону навҷавонон ба хотираи устоди варзиши ӯзбек Учқун Муродов, ки рӯзҳои 11-14 май дар шаҳри Чирчиқи кишвари мазкур баргузор шуд, 8 медал (чор нишони тилло, як нуқра ва се биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар Ҷоми бози ҷудои Осиё миёни наврасон ҳудуди 200 варзишгар аз 9 кишвар – Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тайван, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон – иштирок доштанд. Ба ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон 35 гуштигир шомил буд. Онҳо танҳо дар сабқати писарон ширкат варзиданд.

Варзишгарони ҷавони мо ду медали тилло, як нуқра ва се биринҷӣ ба даст оварданд. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни зери 81 кило ва Темур Раҳимов дар вазни зери 100 кило бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Раҳматуллобек Фарҳодов (81 кг) медали нуқра, Эраҷ Абдуллоев (73 кг) ва Ҳоҷимашраб Раҳмонов (90 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Инчунин Шукрона Қарчиева дар сабқати духтарон дар вазни зери 52 кило медали биринҷӣ гирифт.

Дар мусобиқаи наврасон Шодмон Ризоев дар вазни зери 50 кило ва Ҷамолиддин Абдуллоев дар вазни зери 66 кило бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Дар мусобиқа миёни навҷавонон дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ӯзбекистон бо нӯҳ медали тилло, даҳ нуқра ва сездаҳ биринҷӣ ҷойи аввалро касб кард. Мунтахаби Тоҷикистон бо ду медали тилло, як нуқра ва се биринҷӣ дар ҷойи дувум қарор гирифт. Тими Эрон бо ду медали тилло ва як нишони биринҷӣ сеюм шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *