Қудоталбон карду 5 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд
Додгоҳи ноҳияи Файзобод як модари серфарзандро барои гузарондани маъракаи қудоталбон ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, муодили 5 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.
Файзулло Мирзозода, додраси Додгоҳи ноҳияи Файзобод ба “Ховар” иттилоъ додааст, ки Зуҳро Бурҳонова, сокини ҷамоати деҳоти Қалъаи дашт, ба серфарзандиаш нигоҳ накарда, 13 майи соли равон дар манзили истиқоматиаш бо иштироки зиёда аз 30 меҳмон бо додани ду таъом маъракаи қудоталбон гузаронидааст.
Судяи Файзобод афзудааст, ки тибқи сархати дуюми моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ аст. Додгоҳ амали сокини Файзободро хилофи хонда, ӯро ба пардохти ҷарима маҳкум кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ