Уфуқҳои нав барои журналистон. Қайдҳо аз сафари Маскав
Ҳамасола Медиахолдинги “Оила” журналистонро ба семинарҳову тренингҳо барои такмили донишу маҳорат равон мекунад. Имсол яке аз ин журналистон ман будам, ки ба омӯзиши дуҳафтаина ба Маскав сафар карда, дар семинари Агентии иттилоотии ТАСС ширкат намудам ва бо донишҳои нав ва таассуроти хуб баргаштам.
“Девочка с приключением”
Албатта, бори аввал нест, ки ба шаҳри Маскав сафар мекунам, аммо ин навбат ҳама чиз ба гунаи нав бароям пеш омад.
Тавре ташкилкунандаи чорабинӣ Татяна Ефремова доимо бароям мегуфт, “девочка с приключением” (духтараки бо саргузашт)
аз ин ҷост, ки бо ӯ хеле дӯстии наздик ҳам пайдо кардам.
Дар фурудгоҳ чанд моҳи охир муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, бахусус ӯзбеку тоҷикро мавриди тафтиши тӯлонӣ қарор медиҳанд, ки ин албатта хеле ташвишовар аст. (Дар ин бора хабарнигори “Тоҷикистон” Усмон Раҳимзода низ мушоҳидаҳояшро аз сафараш ба Маскав чанд ҳафта пеш навишта буд,- ред.). Новобаста аз он, ки ман ҳуҷҷати журналистӣ ва даъватнома ба семинар ҳам доштам, кормандони шуъбаи қабули муҳоҷирон онро ба назар нагирифтанд ва маро ба қатори дигар муҳоҷироне фиристоданд, ки қариб 10-12 соат интизорӣ мекашанд. Масъулини фурудгоҳи Жуковский бо ҳар баҳонаи кӯчак мардумро нигоҳ медоштанду баъд аз соатҳои тӯлонӣ раҳо мекарданд. Бо чанд ҳамватанамон ҳамсуҳбат шудам, ки аҳволи хеле бад доштанд ва ҳатто аз ноумедӣ дар рӯи фарш хоб буданд. Ин мавзуъ хеле аламовар ва мубрам аст…
Ман ба вохӯрии аввали ҳамкасбон дер мекардам, аз ин лиҳоз интизор нашуда, ба Татяна занг задам ва хостам мушкили маро ҳал кунад, чун кормандони фурудгоҳ ба гапи касе гӯш намедоданд. Ӯ дар аввал гуфт, ки каме интизор шавам, шояд раҳо мекунанд, вале ман гуфтам, ки агар ягон аксуламал нишон надиҳед, онҳо маро намегузаронанд, чун вазъ инҷо хеле бад аст. Баъд аз чанд лаҳза марде бо шиносномаам омада, исмамро ном бурду маро ба қабулгоҳ бурд ва билохира гузаштам. Албатта мехостам, ки дигаронро низ раҳо кунанд, аммо ин ғайриимкон буд. Аз ҳамин ҷо Татяна бароям “девочка с приключением” мегуфт, вале намедонист, ки ин “рӯзгори ҳар як муҳоҷири тоҷик аст”.
Ду ҳафтаву олами маънӣ…
Дар охири соли 2024 ман шарафи иштирок дар семинареро доштам, ки аз ҷониби Агентии иттилоотии “ТАСС” дар доираи барномаи Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии матбуоти рус ташкил шуда буд. Ин чорабинӣ аз 1 то 13-уми декабр баргузор шуд ва 18 иштирокчиро аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Арманистон ва Беларус, инчунин 35 нафарро, ки дар формати онлайн таҳсил мекарданд, ҷамъ овард.
Мавзӯи асосии семинар «Таҳрири универсалӣ (конвергентӣ): забон, платформаҳо ва форматҳо» буд. Мо имконият доштем, ки аз устодони ботаҷриба аз донишгоҳҳо ва коршиносони агентиҳои гуногуни иттилоотӣ ва нашрияҳо маълумотҳои навро омӯзем. Баръакси семинарҳои қаблӣ, ки ба сохтани сайтҳо ва каналҳои телеграмма тамаркуз мекарданд, дар ин чорабинӣ мо ба таблиғи маҳсулоти иттилоотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сайтҳо бо истифода аз зеҳни сунъӣ, подкастҳои аудио ва видео ва инфографика тамаркуз кардем.
Дарсҳо оид ба амалияи забон, саводнокии ВАО ва дигар ҷанбаҳои муҳими журналистикаи муосир қисми ҷудонашавандаи омӯзиши мо гардиданд. Ҳар рӯз дониш ва ғояҳои нав меовард, ки бешубҳа ба мо дар фаъолияти касбиамон кумак хоҳанд кард.
Ба ақидаи иштирокчиён, ин семинар имконияти хубест барои рушд ва беҳтар кардани сифати пешниҳоди иттилоот. Ман боварӣ дорам, ки дониши бадастомада ба ман дар тавлиди ғояҳои нав ва татбиқи онҳо дар соҳаи журналистика ва мусоидат ба рушди ВАО дар фаъолиятам кумак хоҳад кард.
Иштирок дар ин семинар як қадами муҳим дар фаъолиятам мебошад ва ман аз ташкилкунандагон барои имконият миннатдорам.
Маскав — шаҳри “Соли нав”
Баъд аз дарс мо бо гурӯҳе аз ҳамкасбон ба тамошои шаби зебои Маскав мебаромадем. Маҳз ороиши афсонавии солинавиашон диққати маро ба худ ҷалб мекард. Вале расман дар рӯзи ҳаштуми семинар моро ба тамошои Майдони Сурх ва осорхонаи таърихӣ бурданд.
Майдони Сурх — ин дили Маскав ва яке аз ҷойҳои машҳури Русия аст. Он бо биноҳо ва ёдгориҳои муҳими таърихӣ иҳота шуда, маркази муҳими фарҳангӣ ва сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Роҳнамо бароям оид ба саҳнаи доирашакле, ки дар канори майдон ва наздикии калисо буд, нақл кард, ки ин майдон маркази маълумотҳо буд ва ҳамаи хабарҳои муҳими давлатӣ аз ҳамин минбар ба халқ расонида мешуданд. Бисёр маълумотҳои ҷолиби дигарро шунидем, ки воқеан дар китобҳо нахонда будам.
Калисои “Василий Блаженный” рамзи дурахшони Маскав мебошад. Он бо гунбазҳои беназири худ дар шакли шамъҳо маъруф аст. Дар асри XVI ин маъбад ба ифтихори ғалаба бар хонигарии Қазон сохта шудааст. Интерерҳои дохилии он бо зебоӣ ва гуногунии худ, инчунин бо иконаҳои беназир бинандаро ба ҳайрат меоваранд. Гарчанде калисо аз ду ошёна иборат аст, вале ба назар хеле баланд менамояд. Маҳз нақшҳои ғайриоддии дохилӣ ва беруниаш онро машҳури ҷаҳон кардаанд.
Осорхонаи давлатии таърихӣ дар тарафи шимолии Майдони Сурх ҷойгир аст. Ин яке аз бузургтарин осорхонаҳои Русия аст, ки дар он экспонатҳое ҷамъ оварда шудаанд, ки таърихи кишварро аз замонҳои қадим то имрӯз инъикос мекунанд.
Рӯзи дигар экскурсия ба медиахолдинги «Комсомольская правда» доштем. Ин экскурсия имконияти беназиреро фароҳам овард, ки дар бораи кори яке аз маъруфтарин ВАО-и Русия маълумот гирем. Мо ба редаксия ташриф овардем. Ба мо дар бораи раванди эҷоди хабарҳо, хусусиятҳои журналистика ва технологияҳои муосири ВАО маълумот доданд. Барои мо конфронси матбуотии кутоҳ дар доираи мизи мудаввар ташкил намуданд ва тавонистем саволҳои муҳимеро, ки бароямон нофаҳмо буд, пешниҳод намоему аз рӯзноманигорони ботаҷриба маслиҳатҳои пурарзиш гирифтем.
Медиахолдинги “Оила” ва рушди журналистикаи касбӣ
Дар баробари ташаккули зеҳни сунъӣ журналистикаи муосир низ самтҳои фаъолияти худро васеъ мекунад ва ба ҳамин мақсад журналистони касбӣ малакаҳои зеҳниашонро вусъат медиҳанд, то маълумотҳоро ба таври нав ба хонандаву бинанда пешкаш намоянд.
Имрӯз, ки технология дар суръати баланди гардиш қарор дорад, журналистон низ ҳамеша бояд дар пайи ҷустуҷӯи воситаҳои нави пешниҳоди маълумот бошанд. Медиахолдинги “Оила” низ ин имкониятро барои журналистонаш фароҳам меорад, то онҳо тавонанд ҳамқадами навгониҳои олами журналистика бошанд.
Умед ва ният дорем, ки баъд аз чунин семинарҳои муфид навовариҳои моро дар сомонаи Pressa.tj ва саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар хоҳед дид.
Дило ДОРОБШОЕВА,
Душанбе — Москва — Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ