Ҳукми абад ва ашки талхи занҳои тоҷик дар Бағдод
Ҳукумати Тоҷикистон аз мақомоти Ироқ дархост кард, ки ҷузъиёти ба ҳукми абад маҳкум шудани чаҳор зани тоҷик дар додгоҳи Бағдодро шарҳ диҳанд.
Рӯзи 29 апрел додгоҳи Бағдод ин занҳоро барои «узвият ва кумак ба «Давлати Исломӣ» гунаҳгор эълон кард. Бархе занон дар ҷараёни эълони ҳукм бо фарзандони хурдсоли худ дар курсии айбдоршавандаҳо нишаста буданд.
Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Кувайт, ҳамзамон фиристодаи президенти Тоҷикистон дар умури Ироқ гуфт, ки дар заминаи ҳукми зиндони занони тоҷик имрӯз ба унвонии мақомоти Ироқ дархост ирсол шуд.
Зубайдулло Зубайдов гуфт, дар ҳоле, ки феълан барои мақомоти тоҷик нақши занон дар ҷиноятҳои зикршуда маълум нест, аз рӯи қонунҳои Ироқ, нафароне, ки бо гумонбарони терроризм ҳамзистӣ кардаанд, бо айни чунин иттиҳом гунаҳгор эълон мешаванд.
Дар мурофиае, ки рӯзи якшанбе ҷараён гирифт, хабарнигори оҷонсии Франс Пресс ҳам иштирок кард. Умар Карим, хабарнигори ин оҷонсӣ мегӯяд, бархе занҳо ҳукмро тавре қабул карданд, ки гӯё аз қабл медонистанд, вале бархе андӯҳгин буданд ва пайваста ба бегуноҳии худ таъкид мекарданд.
Умар Карим гуфт, занҳои тоҷикро ҳам дар ин мурофиа дид. Ба гуфтаи ӯ, як зани тоҷик, ки аз дигарон ҷавонтар буд, пас аз шунидани ҳукм бо алам гиря кард.
Тоҷикистон дар гузашта гуфта буд, ки сар аз соли 2014 беш аз 1100 шаҳрванди ин кишвар, ба қасди пайвастан ба гурӯҳи «Давлати Исломӣ» ба қаламравҳои Сурияву Ироқ сафар кардаанд. Шумори зиёди занон нохудогоҳ аз пайи ҳамсарони худ ба нооромтарин гӯшаи ҷаҳон рафта, қисме ҳам кушта шуданд. То пароканда шудани ДИ дар Ироқу Сурия теъдоди занону кӯдакони тоҷикро дар ин кишварҳо 400 нафар ҳисоб мешуд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ