Ҳукми ҷазои Эшони Қиёмиддин 7 сола шуд
Мувофиқи маълумоти Маркази матбуотии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии ҶТ аризаи маҳкумшуда Сайид Қиёмиддини Ғозиро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Тибқи қарори суд мӯҳлати муҳлати ҷазои ӯ 7 сол муқарар гашт. Ёдрас мешавем, ки қаблан зикршуда ба мӯҳлати 25 сол маҳкум шуда буд. Ба мӯҳлати 18 сол кам шудани мӯҳлати ҷазои Қиёмиддин Ғозӣ, тавре ки дафтари матбуоти Суди Олии ҶТ зикр менамояд, ба иртиботи аз кирдорҳои содирнамудаи худ пушаймон гаштан, мусоидат дар ошкор сохтани як қатор ҷиноятҳои вазнин ва фош кардани ашхоси ба ин ҷиноятҳо дастдошта сурат гирифтааст.
Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, маъмул бо тахаллуси «Эшони Қиёмиддин», 67 сола, яке аз муассисони Ҳизби наҳзати исломист, ки аз ҷониби Суди олӣ террористӣ эълон шудааст. Ӯ чеҳраи марказии майдони “Шаҳидон” буд ва бар муқобили ҳукумати конститутсионӣ мубориза мебурд. Мавсуф бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе аз 15-уми майи соли 2018 барои содир намудани маҷмӯи ҷиноятҳои дорои характери экстремистӣ (ифротгароӣ) гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ