Ҳукми қочоқбари афғон ва шарики тоҷикаш

Додгоҳи шаҳри Душанбе ду узви гурӯҳи қочоқбарро, ки дар интиқоли беш аз 200 кило маводи мухаддир муттаҳам дониста мешуданд, содир кард. Додгоҳ ҳафтаи гузашта Муҳаммад Сиддиқ, шаҳрванди Афғонистонро ба 25 ва Нуралӣ Бобоев, шарики ӯ аз Тоҷикистонро ба 20 соли зиндон маҳкум намуд.

Зимнан, додгоҳ аз мақомоти ҷустуҷӯи хоҳиш кардааст, ки шахсияти «Аҷаб валади Ҷумъахон», «Ҷовид» ва «Аҳмад», ки бар асоси нишондоди ин ду маҳкумшуда дар интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон даст доранд, мушаххас карда, ҷиҳати боздошташон чораҷӯӣ намояд.

Тавре аз додгоҳи шаҳри Душанбе гуфтаанд, Муҳаммад Сиддиқи 29-сола, шахси асосӣ дар ин парванда, қабл аз омадан ба Тоҷикистон визаи кишварро дарёфт карда, тариқи гузаргоҳи гумрукӣ 203 кило маводи мухаддирро ворид намуда будааст. Ӯ моҳи декабри соли 2016 ҳангоми муомила бо Нуралӣ Бобоеви 49-сола аз ҷониби кормандони Оҷонсии мубориза бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *