Украина аз Русия талаб кард, киштиҳои низомиро баргардонад
Вазорати умури хориҷии Украина бо ирсоли як нота аз Русия баргардонидани киштиҳои низомиеро талаб кард, ки марзбонони рус моҳи ноябри соли гузашта дар тангнои Керч боздошт карда буданд.
Вазири умури хориҷии Украина дар як нишасти хабарӣ бо вазири умури хориҷии Эстония Урмас Рейнсал дар шаҳри Киев гуфт, дар нота ҳамчунин аз Русия талаб шудааст, ки замони баргардонидани киштиҳоро бигӯяд.
Муовини вазири умури хориҷии Украина Елена Зеркал дар Фейсбук навишт, Киев то ба ҳол аз Москва ҳафт бор ин талабро кардааст. Додгоҳи ҳакамии байналмилалии СММ моҳи майи соли равон Русияро вазифадор кард, ки киштиҳоро баргардонад.
Низомиёни Украина 25 ноябри соли 2018 хабар доданд, ки киштиҳои кишварашон дар тангнои Керч бо истифода аз силоҳ ғасб шуда, шаш маллоҳ захмӣ гаштаанд. Хадамоти амнияти Русия ё худ ФСБ гуфт, низомиёни ин кишвар ба самти киштиҳои зиреҳпӯши низомии «Бердянск» ва «Никопол» оташ кушоданд.
Идораи амнияти Қрим афзуд, ки се киштии низомии Украина «ғайриқонунӣ» марзи Русияро убур карда, дар роҳ ба тангнои Керч амалҳои хатарноке анҷом доданд. Вале Киев ин иддаоро рад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ