Украина ба НАТО мепайвандад

Ахиран Президенти Украина Владимир Зеленский фармонеро имзо кард, ки дар асоси он  артиши хориҷӣ ҳақ дорад, ки дар ин кишвар дар «машқҳои гуногунмиллат» дар давоми соли 2021 иштирок кунанд. Қаблан, ин санадро  Радаи Украина ( парлумон)  26 январи соли 2021 қабул карда буд.

Дафтари роҳбари Украина  қайд кард, ки Киев дар маҷмӯъ, ташкили ҳашт манёврро дар ин сол  ба нақша гирифтааст. Дар машқҳо  тақрибан 21 ҳазор низомиёни Украина ва 11 ҳазор хориҷиён — англисҳо, фаронсавиҳо, полякҳо, амрикоиҳо ва намояндагони Руминия ширкат хоҳанд кард. Ғайр аз ин, Зеленский ҳамватанонашро  ҳамроҳ бо  кишварҳои узви НАТО ба машқҳои берун аз кишвараш  мефиристад, хабар медиҳад шабакаи телевизионии “Царград”.

Столтенберг ваъда медиҳад

Моҳи декабри соли 2019 Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг эълом дошт, ки Украина ва Гурҷистон узви Паймон хоҳанд шуд, аммо барои  муайян кардани муҳлати дақиқи узвият ҳанӯз барвақт аст.

7 феврали соли 2019 парлумони Украина қонунеро қабул кард, ки дар он  ба Конститутсия муқаррарот дар бораи роҳи стратегии давлат барои ба даст овардани узвияти комили Украина дар Иттиҳоди Аврупо ва Паймони Атлантикаи Шимолӣ ворид карда шудааст. Қонун аз 21 феврал мавриди амал қарор гирифт. 5 феврали соли 2020 Девони Вазирон барномаи миллии солонаи Украина ва НАТО-ро тасдиқ кард. Тибқи иттилои Вазорати мудофиа, соли 2021 неруи баҳрии Украина дар амалиёти Гвардияи Марин дар Баҳри Миёназамин ширкат меварзад. Якҷоя бо Вазорати корҳои хориҷии Украина, шуъбаи мудофиа барои фиристодани ду намояндаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ба ҳайати НАТО дар Ироқ дар соли 2021 чораҳо меандешад.

Мушкилот нест, аммо…

Барои Украина узвият барои узвият дар НАТО вуҷуд надорад. Дар ин бора директори Маркази иттилоотӣ ва ҳуҷҷатгузории Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Винета Клейн зимни мизи мудаввар дар мавзӯи «Муносибатҳои НАТО ва Украина дар шароити сулҳи устувор дар Донбасс» изҳор дошт, хабар медиҳад хабаргузории “UNIAN”. «Албатта, ҳеҷ мушкиле барои узвият дар НАТО вуҷуд надорад. Дар мавриди ислоҳот, Украина уҳдадор шудааст, ки шартҳорои қабулро  иҷро кунад . Муҳим он аст, ки иҷрои онҳо натиҷа диҳанд », — гуфт вай. 

Украина дар роҳ ба сӯи эътилофи Атлантикаи Шимолӣ дучори ду мушкилот аст: мавриди таҷовуз қарор  гирифтан ва фасодкорӣ дар кишвар. (НАТО кишвареро, ки бо ҳамсояи худ баҳс дорад, ба узвият қабул намекунад), гуфт корбари  муваққатии ИМА Кристина Куинн ҳангоми муколамаи ислоҳот дар Украина.

Қаблан, сафири Ҷумҳурии Литва дар Украина Валдемарас Сарапинас Украинаро ба идома додани ислоҳоти иқтидори мудофиавӣ даъват кард, алалхусус ислоҳоте, ки ба тағйироти системавӣ барои пайвастан ба НАТО мусоидат кунанд. Вай  тавсия дод, ки системаи тайёр кардани  кадрҳоро ислоҳ кунад. Ба гуфтаи сафир, калиди асосии муваффақият интихоби одамони лоиқ аст.

Таҳияи  А.АҲМАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *