Украина боз як сохтори ИДМ-ро тарк кард

Ҳукумати Украина дар бораи хориҷ шудан аз Созишномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар мавриди кашфиётҳои махфӣ қарор қабул кард.

Ҳукумати Украина дар бораи хориҷ шудан аз Созишномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар мавриди кашфиётҳои махфӣ қарор қабул кард.

Ин қарор дар ҳукумати ин кишвар бидуни баҳсу баррасӣ ба тасвиб расидааст.

Ин созишнома 4 июни соли 1999 дар шаҳри Минск, пойтахти Белорус ба имзо расида ва ба ин санад Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Украина шомил шуда буданд.

Зимнан, пас аз қудрат барканор шудани Президенти таҳти ҳимояти Русия-Виктор Янукевич дар моҳи феврали соли 2014 раҳбарияти нави Украина аз хуруҷи марҳила ба марҳила аз сохторҳои ИДМ-ро эълон карда буд.

Аз ҷумла, Президент Пётр Порошенко дар бораи қатъи ширкат дар кори органҳои ИДМ фармоне содир кард. Дар моҳи августи соли 2018 намояндагии Украина дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баста шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *